Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ

23.06.2010 13:30, ноҳияи Ванҷ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 13- уми ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар кард.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Мардуми шукргузори ноҳия Сарвари давлатро бо шукўҳу шаҳомати хоса ва муҳаббату самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи навбунёди Сурхсангоби ин ноҳия ташриф оварда, бо рафти сохтмони хонаҳое, ки барои аҳолии аз заминларзаи моҳи январи соли равон бесарпаноҳмонда бунёд меёбанд, аз наздик шинос шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 2 январи соли равон бар асари заминларза дар ноҳияи Ванҷ беш аз 1200 хона зарар дида буд. Минбаъд аз минтақаҳои барои зист хатарноки ноҳия беш аз 5 ҳазор оила кўчонда мешаванд.

Дар деҳаи навбунёди Сурхсангоб ба 187 оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ 10 садякӣ замин ҷудо намудаанд. То моҳҳои сентябр ва ноябри соли равон дар ин ҷо 167 хона бо кўмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта, ба истифода дода мшаванд. ҳоло сохтмони 163 хона оғоз ёфта, 30 тоаш аллакай омода гаштааст. Ду хонаи сеҳуҷрагии омодагашта имрўз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибонашон супурда шуд. Ин нафарони хуштолеъ – собиқадори ҷангу меҳнат бобои ҷангӣ Бекови 87 – сола ва маъюби гурўҳи якум Зеваршо Назокатов мебошанд.

Дар маҳаллаи нав ҳамчунин маркази саломатӣ ва як маркази савдо сохта, ба кор дароварда шудааст. Сохтмони мактаби нав барои 240 хонанда бо суръат идома дорад ва то оғози соли нави таҳсил бояд ба кор шурўъ намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки сохтмони ҳамаи хонаҳоро дар мўҳлатҳои муайяншуда, анҷом диҳанд, то ки мардуми бесарпаноҳмонда то фарорасии фасли сармо соҳиби манзил нав шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин деҳаи навбунёд Ваҳдат номида шавад, зеро ки он дар арафа ва рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ обод мешавад. Мардум ин пешниҳодро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи ҷовиди ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани мактаби нави он, ки барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, иштирок намуд. Мардуми деҳа аз ин рўйдоди наку басо хушҳолу сипосгузор шуданд, зеро мактаби пешинаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва шумораи синфхонаҳояш барои ҳамаи хонандагон нокифоя буд.

Мактаб бо синфхонаҳои зебою ороста, асбобҳои хониш ва дигар техникаю таҷҳизоти таълиму тарбия, аз ҷумла компютерҳо таъмин аст.

Дар маркази ноҳияи Ванҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави Дармонгоҳи ноҳиявиро ба истифода супурд, ки дар он барои 45 нафар кормандони соҳаи тиб ҷойи корӣ муҳайё гаштааст. Дармонгоҳи нави ноҳия бо техникаю таҷҳизоти нави муоинаю ташхис ва муолиҷа таъмин гаштааст. Дар утоқҳои гуногуни ташхисӣ, аз ҷумла ташхиси ултрасадоӣ, гастроскопия, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ ва дигар ҷиҳозҳои пешқадами ҳозиразамон насб шудаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои омода кардани кадрҳои соҳибтахассуси бо технологияҳои муосир коркунанда низ тадбирҳои зарурӣ биандешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангиву фароғатии маркази ноҳияи Ванҷ бо намоянагони сершумори мардуми он аз наздик мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои сершумори онҳо посух гуфт.

Бо дархости як мўйсафеди 93 – сола – сокини деҳаи Потови ин ноҳия дар ин деҳа як пули нави мошингузар сохта мешавад.

Бо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ ҳамчунин корҳои зерин анҷом меёбанд:

Дар муддати кўтоҳ барои таъминоти пурраи ноҳия бо нерўи барқ як нерўгоҳи хурди дигар низ сохта мешавад;

Варзишгоҳи нави марказии ноҳия то якуми сентябри соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад;

Дар ҳамин мўҳлат ҳамчунин 30 адад муассисаҳои соҳаи фарҳанги ноҳияи Ванҷ, ки бар асари заминларзаи моҳи январи соли равон зиёни ҷиддӣ дидаанд, аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд;

Ба ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳия нерўгоҳҳои хурди офтобӣ дастрас карда мешаванд;

То рўзи 27 июни соли равон ба ноҳия 60 адад компютер дастрас карда мешаванд, то ки эҳтиёҷоти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба пуррагӣ бароварда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520