Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

13.09.2018 12:50, ноҳияи Мурғоб

Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони он дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро сокинони ноҳияи Мурғоб тӯҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Иншоот ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мебошад. Дар ошёнаи якум бойгонӣ, ошхона бо 30 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ бо 240 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода шудааст. Ошёнаи 2-юм бошад, аз утоқҳои корӣ иборат аст. Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд.

Масоҳати умумии иншоот 2239,12 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино бо тарҳи муосир бунёд гардида, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Дохил ва беруни бинои мазкур бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмуъ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб дорои шароити мукаммали корӣ буда, он дар пешбурди фаъолияти тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи ватану миллат ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520