Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

19.06.2010 19:00, Чин

Аз 17 то 19 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.

Месазад таъкид намуд, ки ин сафарро аз рўйи натиҷаҳояш метавон ба як сафари расмӣ баробар донист, зеро дар зарфи 3 рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздики 15 мулоқоту машваратҳо доир намуда, барои таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи қисмати шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин шоҳпули мустаҳкам гузошт. Зимни ин сафар 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида, мувофиқаҳои зиёди дигар ба даст омаданд.

Нимаи дуюми рўзи 17 – уми июн мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби кумитаи ҳизбӣ – Раиси Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен баргузор шуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории мустақими Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо кишвари мо бевосита ҳамсарҳад буда, дорои 20 миллион аҳолӣ аст, баррасӣ шуд.

«Робитаҳои мустақими Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба нишондодҳои Аҳдномаи байнидавлатии ду кишвар оид ба дўстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз моҳи январи соли 2007 амал мекунад, тавъам аст», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғур Чжан Чунсен дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Чин ду ҳамсояи накуянд, ки ҳамдигарро дар бисёр масоили сиёсати байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд ва ҳамкорияшон рў ба таҳкиму тавсиа дорад».

Аз рушди босуръат ва бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки аз се як ҳиссаи ҳаҷми мубодилоти моли миёну Тоҷикистону Чин ба Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур рост меояд. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳаҷми мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи фарохи Чин тайи чор соли ахир 310 баробар афзоиш ёфтааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба кори доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол гузаштани гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу, ки Тоҷикистону Чинро бевосита мепайвандад, робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар рушди бесобиқа пайдо мекунанд. Хотиррасон бояд намуд, ки айни ҳол ин гузаргоҳ 240 рўз дар як сол кушода аст.

Ба нақши ширкатҳои чинӣ, ки шумораи зиёдашон аз минтақаи Синсзян-Уйғур мебошанд, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва истихроҷу коркарди маъданҳои кўҳӣ баҳои баланд дода шуд.

Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта бо технологияи нави муосир, обёрии заминҳо бо усули қатрагӣ ва ҳамчунин ба истифодаи заминҳои шўр дар зироаткорию боғдорӣ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Баъди анҷоми ин мулоқот се созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Созишнома миёни ширкати Барқи Тоҷик ва ширкати ТВЕА - Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони хатти 220 – киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ;

- Қарордод миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Синсзян оид ба ҳамкорӣ.

Бояд таъкид намуд, ки созишномаи байниҳукуматӣ ҳамкории дарозмўҳлат дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, хусусан саноати кўҳӣ, нақлиёт ва комуникатсия, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро дар назар дорад.

Тибқи созишномаи дуюм дар мўҳлати якуним сол бояд хатти 220 – киловолтаи интиқоли нерўи барқ аз шаҳри Хуҷанд то ноҳияи Айнӣ бо харҷи 36,9 миллион доллари амрикоӣ кашида шавад. Дар доираи ҳамин лоиҳа ҳамчунин дар ноҳияи Айнӣ як зеристгоҳи 220 – киловолта бо технологияи муосир сохта мешавад.

Рўзи дуюми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин бо иштироки ў дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва ин музофоти калони ҳамсоякишвари Чин оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз судоварии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «Айни ҳол дар кишвари мо беш аз 500 корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолияти босамар дорад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри дастгирии пайвастааш аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти он арзи сипос намуд ва зимнан ёдовар шуд, ки дар зарфи 5 соли охир ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон 32 миллион доллари амрикоӣ гранту кўмаки техникӣ ва беш аз 650 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Ҷудо гаштани 80 миллион юан гранти нав, ки ба наздикӣ барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон сурат гирифт, идомаи ҳамин сиёсат арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сармоягузории мустақим низ аз ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон рў ба афзоиш оварда, аз соли 2005 ин ҷониб ҳаҷми он зиёда аз 128 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Зимни форум аз ҷониби тоҷирону соҳибкорони ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин таваҷҷўҳи зиёд ба соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кўҳӣ, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва ғайра зоҳир карда шуд. Форуми мазкур ба пайдоиши робитаҳои нав ва ба даст омадани тавофуқоти судманд боис гашт.

Баъди анҷоми форуми тоҷирону соҳибкорон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз корхонаҳои саноатии ширкати ТВЕА- и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар наздикии шаҳри Урумчӣ қарор дорад, ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд ва бо роҳбарияти ширкат масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Зимни шиносоӣ бо кори корхона маълум шуд, ки он асосан трансформатор, аккумулятор ва таҷҳизоти тақсимкунандаи нерўи барқ истеҳсол мекунад. Дар ҳамин корхона ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо ва мошинолоти гуногун бо технологияи олии муосир тавлид меёбанд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамкории минбаъда ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳо барои насби трансформаторҳои иловагӣ дар зеристгоҳи Хуҷанд – 500 оғоз карда шаванд. Тибқи тавофуқ, ин лоиҳа бо харҷи 20,3 миллион доллари амрикоӣ дар давоми соли равон бояд татбиқ гардад.

Ба иттилои Раиси Шўрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син, кашидани хатти 220 киловолтаи Хуҷанд – Айнӣ дар зарфи якуним сол ва бунёди Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Ду ҷониб ба қарор омаданд, ки баҳри густариши бештари ҳамкорӣ намояндагии доимии ширкати ТВЕА дар шаҳри Душанбе кушода шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба иштироки ин ширкат дар татбиқи дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳаи энергетикаи Тоҷикистон гуфтугў сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамин боздид ҳамчунин аз корхонаи дигари ин ширкат, ки батареяҳои офтобӣ барои истеҳсоли нерўи барқ тавлид мекунад, дидан кард.

Дар ин корхона Раиси Шўрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син ба Тоҷикистон як батареяи офтобӣ тўҳфа намуд, ки иқтидораш 130 киловат/соат нерўи барқ аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос изҳор дошт, ки ин нерўгоҳи хурди офтобӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон насб карда хоҳад шуд.

Рўзи 18 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Синсзян сарфароз гардонда шуд.

Маросими эълон намудани ин рўйдоди фараҳбахш ва супурдани дипломи унвони профессори фахрӣ, мантия ва кулоҳи махсуси он дар толори китобхонаи Донишгоҳи Синсзян баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷўёни ин муассисаи олии таълимӣ ба ҳайати роҳбарии он барои сарфароз гардондани ў бо ин унвони фахрӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Нимаи дуюми ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи аксҳои ширкати Йе Ма - ро, ки оид ба ҳаёт ва фаъолият, тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои тоҷикони минтақаи Тошқурғону Қошғари ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин нақл мекунанд, ифтитоҳ намуда, аксу мусаввараҳои нодиру пурарзиши онро аз назар гузаронд.

Дар ин аксҳо, аз ҷумла фарҳанги хонасозии тоҷикони Чин, ки ба хонасозии мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Тоҷикистон шабоҳати бисёр наздик дорад, саҳнаҳои бузкашӣ бо асп, бо қутос ва ҳатто пиёда, чавгонбозӣ аз болои асп, манзараҳои муҳити зисти онҳо, ки аксаран кўҳистон аст, чеҳраҳои ориёияшон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Аксбардор Чин Жи Фун, ки худ ҳоло Президенти ҳамин ширкат ва роҳбари ассотсиатсияи аксбардорони ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур аст, ин аксҳоро 15 сол дар миёни тоҷикони ин минтақа зиндагӣ карда, ба навор гирифтааст.

Дар як гўшаи ин намоишгоҳ ҳамчунин мусаввараҳои рассомони мумтози Точикистон ба маъраз гузошта шудаанд.

Дар саҳни бинои ҳамин ширкат як пора аз дарахти сангшуда, ки 145 миллион сол умр дорад, ба нишони чунин дарозумрӣ рамзи дўстии абадии Тоҷикистону Чин тахассус дода шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор ширкатҳои бонуфузи ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот бо мудири иқтисодии ширкати роҳсозии (China Road&Bridje) Чин ҳу Вентао масоили вобаста ба сохтмони як қатор роҳу пулҳо ва нақбҳои Тоҷикистон, ки ба зиммаи ин ширкат гузошта шудааст, баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки суръат ва сифати сохтмони нақбҳои Шаҳристону Чормағзак ва роҳи мошингарди Душанбе - Данғара бояд баланд бардошта шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ширкат метавонад дар татбиқи дигар лоиҳаҳои роҳсозии Тоҷикистон ва минтақа иштироки фаъол дошта бошад.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ширкати Зиҷин Майнинг бо Тоҷикистон дар мулоқот бо Директории генералии он Чен ҷа Хун баррасӣ шуд.

Чен ҷа Хун изҳор дошт, ки то соли 2013 аз ҷониби ин ширкат истеҳсоли тилло аз кони Зарафшони Тоҷикистон ба 4 тонна дар як сол ва гардиши солонаи моли ширкат ба 150 миллион доллари амрикоӣ расонда мешавад. Ба гуфти ў, он вақт ширкат метавонад, ба буҷети Тоҷикистон ҳар сол то 10 миллион доллари амрикоӣ андоз супорад. Дар зарфи чанд соли оянда ин ширкат ният дорад, ки барои афзун намудани истеҳсоли тилло ва дигар маъданҳои кўҳӣ дар Тоҷикистон тақрибан 300 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим кунад.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба бунёди корхонаи афинажии тиллою нуқра дар Тоҷикистон ва нақшаҳои дигари ҳамкории оянда сурат гирифт.

Дар вохўрӣ бо намояндаи воломақоми корхонаи муштараки кўҳкории Зарнисор ҳуанг ҷиан Ронг масоили ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи он дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохта, пурра ба кор даровардани Комбинати металлургии Зарнисор, муҳокима карда шуд.

Сўҳбати пурмўҳтавои дигар бо Мудири иқтисодии ширкати КОФКО Лимитед (COFCO Limited) Зенг ҳонгбо оид ба барқарор намудани як корхонаи коркарди меваю сабзавоти Тоҷикистон ва бештар ба роҳ мондани истеҳсоли пастаи томат ва афшураи зардолу сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон ҳамчунин як корхонаи наву муосири коркарди меваю сабзавот сохта шуда, оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти хоми кишоварзӣ низ барои чунин корхонаҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Месазад таъкид намуд, ки 40% тамоми пастаи томат дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳамин ширкат истеҳсол карда мешавад.

Бегоҳии рўзи 18 июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси ҳукумати мардумии ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур Нур Бекрӣ мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди бар арзишҳои дўстӣ, эътимод ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Чин асосёфта таъкид намуданд.

Шоми рўзи 18 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони як қатор расонаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба орост.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барпо намудани робитаҳои мустақимро бо ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин «як қадами муҳим дар барқарорсозии шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим» маънидод карда, изҳор дошт, ки ба рушди равобити бевосита миёни минтақаҳои Тоҷикистону Чин аз ҷониби роҳбарияти ҳарду давлати дўсту ҳамсоя таваҷҷўҳи зиёд зоҳир мегардад.

«Дар зарфи чанд соли охир аз 4-5 нафар ба зиёда аз 600 нафар расидани шумораи донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Чин возеҳ гувоҳӣ медиҳад, ки дар баробари робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ алоқаҳои гуманитарӣ низ миёни ду кишвар густариш пайдо намудаанд», - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимни пурсишу посух Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намояндагони воситаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват намуд, ки барои шиносоии наздик ва инъикоси бештари рўйдодҳои Тоҷикистон ба кишвари мо пайваста сафар намоянд.

Субҳи рўзи 19 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Урумчии ноҳияи Синсзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Қошғари ҳамин ноҳия сафар кард.

Дар фурўдгоҳи қошғар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳу шаҳомати хоссаи шарқиёна ва самимияти дўстона истиқбол гирифтанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки сарҳади миёни Тоҷикистону Чин аз байни ҳамин шаҳр ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мегузарад ва гузаргоҳи сарҳадии Кулма - Қаросу низ дар ҳамин ҷо аст. Аксари тоҷикони Чин, ки шумораи умумиашон беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар мавзеи Тошқурғони ҳамин минтақа зиндагӣ мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини котиби якуми кумитаи ҳизбӣ -Роҳбари округи қошғар мулоқот намуда, масоили таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо он ва аз тариқи он бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмўъ баррасӣ намуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки шаҳри қошғар минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гаштааст ва барои тараққиёту пешрафти иҷтимоию иқтисодии он ва ҳамаи ҳудуди ноҳияи Мухтори Синсзян – Уйғур аз ҷониби ҳукумати марказии Чин корҳои намоён ба назар мерасанд.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкории байниминтақавӣ таъкид намуданд. Ду ҷониб изҳор доштанд, ки баҳри таъмини кори доимии гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросў дар ҳамаи фаслҳои сол ва вусъат додани робитаҳо аз тариқи ин шохаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим кўшиш ба харҷ медиҳанд. Айни ҳол ин гузаргоҳ дар 4 моҳи фасли сармои ин минтақаи баландкўҳ баста аст.

Ҳарду ҷониб ба бештар намудани шумораи намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ҳамдигар дар Тоҷикистон ва қошғар, ки солҳои ахир ташкил ва гузарондани онҳо ба ҳукми анъана даромадааст, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар шаҳри Қошғар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва шаҳри Қошғари Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, онҳоро ба ҳамкории наздик, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим ва истифода аз имкону захираҳои фаровони муштарак ташвиқ кард.

Дар ҳамин шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оромгоҳи шахсияти шинохтаи олами ислом - Апакхоҷа ва масҷиди Идгохро, ки дар кишварҳои мусулмонӣ шўҳратманду овозадор аст, зиёрат намуда, ба арзишҳои волои фарҳанги муштараки ин минтақа бо тоҷикону ҳама мусулмонони дигари ҷаҳон арҷгузорӣ намуд.

Месазад таъкид намуд, ки зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд бор бо намояндагони тоҷикони Чин, ки шумораи умумиашон беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил дода, аксарашон дар ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур зиндагӣ мекунанд, вохўриҳои дилнишин анҷом дод. Аз сўҳбат бо намояндагони тоҷикони Чин ва шиносоӣ бо анъанаҳои фарҳангияшон хулоса кардан мумкин аст, ки барои онҳо баҳри рушди забон, фарҳанг ва урфу одатҳояшон тамоми шароти зарурӣ муҳайё аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520