Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

27.09.2018 10:56, шаҳри Душанбе

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари кишвари дӯсту ҳамсоя бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон барои рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бобарору судманд хоҳад буд. Зимни ин сафар низ дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ҳолати кунунии равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дурнамои неки он муайяну мушаххас мегардад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520