Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Нозироти андози шаҳри Бӯстон

23.10.2018 10:41, шаҳри Бӯстон

23 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Сугд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои наву замонавии Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар бино як терминали электронӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ васл карда шудааст, ки барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мусоид аст.

Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори мачлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм толорҳои конфронс, такмили ихтисос ва варзиш мавҷуд мебошад. Дар таҳхонаи бино ошхона ва бойгонӣ ҷойгир шудааст.

Бинои нави Нозироти андози шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зидди сӯхтори муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои омодагии сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони Нозироти андоз барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизмат расонидан ва ғанӣ гардонидани буҷети кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520