Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон

25.10.2018 10:26, шаҳри Гулистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.

Бинои мактаби санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад.

Сохтмони иншооти фарҳангу маърифатӣ моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ, ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони санъату ҳунари шаҳри Гулистонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.

Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуд аст.

Дар таҳхонаи бинои мазкур бошад, синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудааст.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Мактаби санъати шаҳри Гулистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520