Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия

02.11.2018 10:27, шаҳри Душанбе

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россияро таҳти сарварии Раиси Ҳизби Либерал - Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновский ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронии худ Владимир Жириновский ба саҳм ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед.

“Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”- таъкид дошт Раиси Ҳизби Либерал - Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский.  

Таъкид гардид, ки ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд. Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия фаъолият дорад.

Дар ҷараёни мулоқот сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе, ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520