Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару

02.11.2018 17:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрику муборакбодӣ намоям.

Мо ба ояндаи ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон дидгоҳи нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар якҷоягӣ пайгирона саъйю талош варзем.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии кишвари дӯсти Бразилия муваффақиятҳои рӯзафзун хоҳонам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520