ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
озод намудани Сайдализода М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сайдализода Маҳмадулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 ноябри соли 2018
№1138