ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 12 декабри соли 2018 №582
ш. Душанбе
Дар бораи Намояндаи комилҳуқуқи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ширкати
байнидавлатии симо ва садои «Мир»
таъин намудани Исмоилова В.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмоилова Вера Рустамовна Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон