Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Федератсияи Россия

09.05.2010 18:30, Русия

Рўзҳои 8-9-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев истиқбол гирифт.

Мулоқотҳои сарони давлатҳои ду созмони номбурда дар қароргоҳи беруназшаҳрии «Горки»-и Президенти Федератсияи Россия баргузор гардиданд.
Нахуст мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир шуд, ки дар он роҳбарони аввали Арманистон, Беларус, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Сарвазири Узбекистон иштирок намуданд.

Дар мулоқот доир ба масоили мубрами фаъолияти созмони мазкур ва масъалаҳои вобаста ба авзои Қиргизистон гуфтугў сурат гирифт.

Сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти давтаҷамъӣ доир ба авзои Қирғизистон изҳорот қабул намуда, аз рўйдодҳои апрели соли равон, ки ба сарнагунсозии ғайриконститутсионии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ва талафоти сершумори ҷонӣ боис шуданд, арзи нигаронӣ карданд.

ўйдодҳои маълуми қирғизистонро онҳо кори дохилии ин кишвар арзёбӣ намуда, ҳамзамон нерўҳои сиёсӣ ва мардуми онро ба ҳаллу фасли мусолиҳатомези мушкилоти мавҷуда ва ба фазои қонунӣ баргардондани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ даъват намуданд.

Сипас дар ҳамин қароргоҳ мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ба ҳамоиши сарони давлатҳо роҳбарони аввали Украина, Туркманистон ва Молдова ҳамроҳ шуданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин иттиҳод, аз ҷумла ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ, технологию инноватсионӣ ва тадбирҳои вобаста ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки мавзўъи асосӣ дар соли раёсати Федератсияи Россия дар ин созмон аст, баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин муроҷиатномаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ қабул карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисороти зиёд ворид намуда, дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияҳои Муъминободу Шўрообод ҳамчунин боиси талафоти ҷонӣ шуданд, ахбор дод. Роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қарор омаданд, ки ба аҳолии минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон кўмак расонанд.

Рўзи 9 – уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон дар майдони Сурхи шаҳри Москва дар тантанаҳои асосии бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз ҷумла паради бошукўҳи ҳарбӣ иштирок намуданд.

Дар назди қасри Кремл Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев истиқбол гирифт.

Дар паради ҳарбӣ 10 ҳазор нафар афсарону сарбозон, собиқадорони ҷанг аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва шумораи зиёди техникаи ҳарбии заминию ҳавоӣ иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар паради ҳарбии бахшида ба солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 як ротаи 75 – нафараи курсантӣ аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва 7 нафар собиқадорони ҷанг иштирок намуданд. 4 нафари дигар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикитон дар тантанаҳои идонаи бахшида ба ин санаи таърихӣ дар пойтахти Украина - шаҳри Киев ва якнафарӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва пойтахти Фаронса – шаҳри Париж иштирок намуданд.

Баъди анҷоми паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар назди муҷассамаи ёдгорӣ аз солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар арафаи ид дар боғи Александри назди қасри Кремл бунёд ёфтааст, гулчанбар гузошта, хотираи диловарони пурдаҳшаттарин ҷанги таърихи башариятро пос доштанд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба поён расид. Нимаи дуюми рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520