Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок маросими таҷлили ҷашни 65–солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

07.05.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Дар боғи ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукўҳи таҷлили ҷашни 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.

Ба муносибати ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, корпуси дипломатӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушўнҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф ороста буданд.

Баъди маросими истиқболу пазироӣ ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 65- уми Ғалабаи бузург кушода эълон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт ва ба кулли онҳое, ки баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуд.

Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони баору номус ва диловари Тоҷикистон ширкат намуда, бо ҷасорату матонати зиёд дар ҳифзи ватани ягона аз фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ баҳои баланд дод, «зеро дар солҳои ҷанг дар як муддати кўтоҳ дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шуда, ба истеҳсоли муҳимоти ҷангӣ ва маводи гуногуни ?изоӣ шурўъ намуда буданд. Зикр гардид, ки «қувваи асосии корӣ он солҳо дар Тоҷикистон асосан занону наврасон ва пиронсолон буданд, ки гуруснаву побараҳна ба хотири ғалаба ва ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг ночизтарин сарвату дороиашонро ба ҷабҳаи набард мефиристоданд».

«Гузашта аз ин, Тоҷикистон ба 40 ҳазор нафар мардуми минтақаҳои ҷангзада, ки 10 ҳазораш кўдакон буданд, оғўши гарми худро боз намуда, онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифт», - ёдовар шуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамчунин аз даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиии Тоҷикистон, ки солҳои авали истиқлолияти давлатии Ватани азизи мо рух дода буд, ёдовар шуда, наслҳои имрўзу ояндаи кишварамонро ба ҳифзи сулҳу субот ва таъмини пойдории ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд.

Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.

Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз номи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони меҳнату ҷавонони мамлакат гузошта шуданд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчунин бо дақиқаи хомўшӣ пос дошта шуд.

Тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои қўшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе ба поён расид. Дар расми гузашти низомӣ афсарону сарбозони Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва ҳамчунин донишҷўёни мактабҳои миёна ва олии низомӣ, ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ бо вуҷуди борони шадиди тўлонӣ аз худ ҳунари воло нишон дода, бори дигар собит намуданд, ки қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳама вақту соати шабу рўз ва ҳама гуна обу ҳаво ҳамеша ба адои вазифаҳои муқаддаси хеш дар назди халқу Ватан омодаанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сўҳбат намуда, аз аҳволи рўзгорашон пурсон шуд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагиаш изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳзаи дигар ҳамчунин бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон сўҳбат намуда, ба таври шоиста пос доштани хотираи неки диловарони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва таъсири ин корро дар тарбияи ҳисси ватандўстии наслҳои имрўзу фардои аҳли башар басо муҳим арзёбӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520