Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Губернатори музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Су Шулин

02.06.2012 11:00, Чин

Дар шаҳри Сямен Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Су Шулин мулоқоти судманд анҷом дод.

Бо ёдоварӣ аз афзоиши садкаратаи гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар 10 соли охир ва ба зиёда аз 2 миллиард доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми солонаи он, изҳори боварӣ карда шуд, ки нақши музофоти Фуҷиан низ дар ин раванд боз ҳам бештар мегардад.

Фаъолияти пурсамари ширкати Зи Ҷини музофоти Фуҷиан дар Тоҷикистон намунаи хуби ҳамкории ибратбахш номида шуд.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки ширкати Зи Ҷин дар корхонаи муштараки Зарафшони Тоҷикистон бо ворид намудани техникаю технологияи навтарин истеҳсоли тиллоро афзун намуда, беш аз 2 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё намудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкатҳои ин музофот минбаъд дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди технологии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳанд дошт.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон Губернатори Фуҷиан Су Шулин ба зердастони худ дастур дод, ки шумораи бурсияҳоро барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Сямэн афзун намоянд.

Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишнома дар бораи барпо намудани робитаҳои бародарӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520