Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳайати ширкати мошинсозии Шанхай (SAIC) ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Синоҳайдро Фан Ҷсян

02.06.2012 17:00, Чин

Нимаи дуюми рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямэн ҳайати ширкати мошинсозии Шанхай (SAIC) ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Синоҳайдро Фан Ҷсянро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ бо ҳайати ширкати SAIC имконоти ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки SAIC бузургтарин ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, аз соли 2009 ба ин сӯй дар миёни 10 ширкати бузургтарини мошинсозии ҷаҳон мақоми намоён дорад. Ин ширкат, ки бо машҳуртарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон беш аз 50 корхонаи муштарак дорад, дар соли 2010 3,6 миллион ва соли 2011 4 миллион мошин тавлид намудааст.

Маҳсулоти асосии ин ширкат мошинҳои гуногуни сабукраву боркаш, автобусу минибас ва трактору мошинолоти кишоварзӣ мебошад.

Ҳарду ҷониб ба бунёди як корхонаи муштараки истеҳсоли намудҳои мухталифи автомобилҳо дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зимни суҳбат бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Синоҳайдро Фан Ҷсян масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҷдиду бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Синоҳайдро аз бузургтарин ширкатҳои чинӣ дар ин соҳа буда, аз солҳои 50-уми асри гузашта ба ин сӯй беш аз 70% иншооти гидроэнерготехникии ин кишвар аз ҷониби он бунёд ёфтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520