Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

05.06.2012 10:00, Чин

Субҳи имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао пешвоз гирифта, ба макони баргузории маросими расмии истиқбол даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб оғоз ёфта, бо сафороии ҷузъутомҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.

Масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сиёсӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуд.

«Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: -«давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои наку, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд».

«Тоҷикистон чун ҳамеша дар масоили ягонагию якпорчагии Чин мавқеи устувору бетағйир дорад», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ху Ҷинтао дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: - «Ман ба мавқеи устувору қотеонаи шумо дар мубориза бо хатарҳои сегонаи ҷаҳони муосир қоилам. Нақши шахсии шумо дар таъмини амнияти минтақавӣ басо намоён аст ва мо аз ин қадрдонӣ мекунем».

Зимни баррасии масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши равобит дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳим дар ин самт мебошад.

Ҳарду ҷониб ба бунёди нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Аз рушди бонизом ва натиҷаҳои ҳамгироӣ миёни сохторҳои дифоӣ ва амниятии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба густариши робитаҳои дуҷонибаи онҳо ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расид:

- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан кӯмаки бебозгашт ё грант ҷудо карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520