Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо Раиси Идораи Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан

06.06.2012 10:00, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Идораи Бонки давлатии рушди Чин Чен Юанро ба ҳузур пазируфт.

Зимни баррасии ҳамкории мутақобилан судманди ду ҷониб ба нақши ин бонк дар густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, хусусан дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд. Аз муҳтавои ҳамкории Бонки давлатии рушди Чин бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

«Натиҷаҳои дастгирии Бонки давлатии рушди Чин аз соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва ташвиқи ҳунармандии занону духтарони деҳот, боиси хушнудӣ аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Чен Юан изҳор дошт, ки ҳамкории аз ҳама босамари Бонки давлатии рушди Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ба назар мерасад.

Бо ёдоварӣ аз ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин, ки соли 2011 бори аввал аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт, изҳори боварӣ карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод боз 2 баробар афзоиш меёбад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба зарурати таҳия ва қабули стратегияи дарозмуддати ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон, маблағгузории бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, омодасозии кадрҳои қавии соҳаи молия ва бонкдорӣ сурат гирифт.

Баъди анҷоми мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин 2 санад доир ба ҳамкорӣ барои рушди деҳот ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ ба имзо расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520