Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

06.06.2012 10:30, Чин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Сарони ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сершуморе, ки дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва илму фарҳанг рӯи коранд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд такмил додани нақби Истиқлол, ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон ва ба поён расондани имконсанҷии техникӣ ва молиявии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чораҳо амалӣ намоянд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар лоиҳаҳои судбахши дуҷониба ва ҳамгироии Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520