Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

06.06.2012 13:00, Чин

Дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

«Мавқеи Тоҷикистону Покистон оид ба аксари масъалаҳои муҳим ба ҳам наздиканд. Ин омил имконият медиҳад, ки ду давлати дӯст ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар ҳамоҳангӣ амал намоянд», - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфтгӯи судманд доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои тавассути сарзамини Афғонистон ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва ғайра сурат гирифт.

Ба манзури аҳамияти ҳаётии амну субот дар Афғонистон барои рушди ҳамкории минтақавӣ сарони ду давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покистон ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунанд ва хоҳанд кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе (Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520