Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои 5 санади иловагии ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

06.06.2012 14:00, Чин

Имрӯз миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистону Чин 5 санади иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид:

2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ;

Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM).

Тибқи созишномаи миёни TALCO ва CNBM, бояд дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи “CNBM-TALCO семент” бунёд ёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна сементи навъи 620 хоҳад буд. Ин корхона бо навтарин техникаю технология муҷаҳҳаз шуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ аввалин шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он чунин навъи баланди семент истеҳсол хоҳад кард.

Тибқи нақшаҳои қаблӣ, навбати аввали он бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд дар зарфи 14 моҳ сохта, ба истифода дода шавад.

Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона дар 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520