Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

16.04.2019 23:00, Россия

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо тасмим гирифтем, ки қабл аз оғози барномаи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо шумо - роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон ва зиёиёну донишҷӯёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил мекунед, мулоқот доир намоем.

Аввалан, мехостам ба шумо, ки интизори иттилооти дақиқ аз Ватан мебошед, оид ба рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир, хусусан, дастовардҳои тақдирсози як соли гузашта дар Тоҷикистони азизамон маълумот диҳам.

Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон, дар ҳақиқат, соли пешрафтҳои ниҳоят хотирмони таърихӣ буд. Кишвари азизи мо ба сӯйи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, ки таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад, боз як қадами устувор гузошт.

Яъне агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” - иншооти сарнавиштсоз ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба кор андохта шуд, ки ба шарофати он орзуи бисёрсолаи халқи шарафманди тоҷик амалӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ҳамватанони берунмарзиамон низ арзишманд мебошад.

Мо ният дорем, ки агрегати дуюми ин сохтмони бузургро соли ҷорӣ – дар арафаи ҷашни муқаддаси миллиамон - бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супорем.

Бо дарназардошти аҳаммияти ҳаётӣ доштани соҳаи энергетика барои рушди иқтисодиёт ва зиндагии мардум дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд гардида, беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ва ба истифода дода шуданд.

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи дигари стратегии кишвар, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёд карда шуданд.

Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани онҳо бо кишварҳои ҳамсоя, ки тавассути тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар гардид, инчунин, кушода шудани 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт, яъне мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шудем.

Афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз таъмин шуда истодааст, ки ин тибқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди сатҳи рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд, афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2010 чор баробар пешбинӣ шудааст.

Таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, махсусан, бахшҳои истеҳсолӣ, сохта ва ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва иншооти дигар ба мо имконият дод, ки барои ҳазорон нафар шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем.

Умуман, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, нисбат ба соли 2013, ки расман беш аз 800 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, қариб 50 фоиз кам гардид ва тибқи омори расмӣ ҳамагӣ 484 ҳазор нафарро ташкил кард.

Бояд гуфт, ки ин тамоюл, яъне камшавии шумораи шахсони ба муҳоҷират раванда идома дорад. Бо мақсади таъмин намудани рушди босуботу муназзами иқтисоди миллӣ Ҳукумати мамлакат ҷалби сармояи мустақими хориҷиро масъалаи муҳимтарини фаъолияти худ эълон кардааст.

Дар натиҷа тайи даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷумла барои рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор дар ҳаҷми беш аз 74 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ, аз ҷумла зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

Таъмин намудани рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.

 Бо ин мақсад дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳукумати мамлакат инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин ҷалби бештари сармояи мустақим ба кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019 “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд.

Дар назар аст, ки дар натиҷаи амалишавии он дар давоми соли 2019 қонунгузорӣ дар самтҳои иҷозатномадиҳиву иҷозатдиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, корхонаҳои давлатӣ, хариди давлатӣ, арзёбӣ ва қаъри замин такмил дода шуда, барои пешрафти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва дигар самтҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда мешаванд.

Ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи сеюми стратегӣ - ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли 2018 дар муқоиса ба соли 2000 се баробар зиёд гардида, аз 7,4 миллиард сомонӣ ба 21,3 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар ба андозаи 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ, ба андозаи 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.

Яъне тақрибан ба якуним миллион оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шуд ва ба ҳисоби миёна барои беш аз ҳафт миллион нафар сокинони кишвар ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилиашон имконият фароҳам гардид.

Барои муқоиса ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият ба ин мақсад ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд.

Мавзӯи рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз самтҳои калидии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар ин ҷода низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо дарназардошти афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ Ҳукумати мамлакат ҳоло ҳамаи захираву имкониятҳоро барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас, яъне ояндаи миллат ва давлат сафарбар кардааст.

 Умуман, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар қариб 2800 муассисаи таълимӣ бунёд ва 580 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Солҳои охир мо беш аз 200 муассисаи таълимии навро ҳар сол сохта ва ба истифода дода истодаем.

Беҳтар намудани шароити инфрасохтори тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ низ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар зарфи ду даҳсолаи охир дар кишвар 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда, танҳо дар панҷ соли охир 120 беморхона, 80 дармонгоҳ, 210 маркази тиббӣ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 коргоҳу корхонаи соҳаи тандурустӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Хотирнишон месозам, ки раванди созандагӣ дар соҳаҳои зикршуда, хусусан, дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба сисолагии истиқлолияти давлатӣ босуръат идома дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар кишвар бунёди 20 ҳазору 400 иншоот пешбинӣ шуда, то моҳи марти соли ҷорӣ қариб 3700 иншооту биноҳои нав ба истифода супорида шуданд. Ҳоло мо Стратегияи миллии рушди кишварро барои давраи то соли 2030 амалӣ карда истодаем.

Дар ин санади муҳим андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар ҳамаи соҳаҳои зикршуда муайян гардидаанд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии он саноатикунонии кишвар мебошад, ки гузариши иқтисодиётро аз модели кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ дар назар дорад.

Расидан ба ин ҳадафи миллӣ аз Ҳукумат ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ҷидду ҷаҳди дучандро тақозо менамояд.

Бо истифода аз фурсат, аз шумо ва тамоми ҳамватанони бурунмарзиамон даъват ба амал меорам, ки ба қадри имконоти худ дар ин амал саҳмгузор бошед.

Мехостам, инчунин, чанд сухан оид ба дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ иброз намоям.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси чаҳоруми байналмилалии мамлакатамон дар соҳаи об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан дастгирӣ ёфта, он 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дигар дастоварди назарраси кишвар дар соли 2018 комилан барқарор гаштани муносибатҳои дӯстиву ҳамҷавории нек бо ҳамсояи наздики мо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Дар ин зимн зикр бояд кард, ки дар давоми соли сипаригашта тамоми мушкилоти байни ду кишвар ҷойдошта ҳалли пурраи худро ёфтанд, аз ҷумла низоми раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз аз байн бардошта шуд, фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ барқарор ва як гузаргоҳи сарҳадии нав ифтитоҳ гардид ва муҳимтар аз ҳама, муносибатҳои мо ба сатҳи шарикии стратегии дарозмуддат бароварда шуданд.

Таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба ҳайси яке аз самтҳои калидии консепсияи сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон муқаррар гардидааст ва мо саъю талоши худро дар самти пешбурди ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва ҳамсоягии нек пайваста идома хоҳем дод.

Дӯстони азиз!

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусан, дар даврони муосири ҷаҳонишавӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол миллионҳо нафар сокинони як минтақа ба минтақаҳои дигари сайёра муҳоҷир мешаванд.

Ба ҳисоби миёна, имрӯз зиёда аз 200 миллион нафар мардуми сайёра дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти мавҷуда маблағе, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2017 ба мамлакатҳои худ фиристодаанд, 613 миллиард доллари амрикоиро ташкил кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест ва бо дарназардошти зарурат ва имкониятҳои зиндагӣ ҳамасола даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо, аз ҷумла ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Ҳамин аст, ки ҷанбаҳои мухталифи масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ин зимн, барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар талошҳои пайгирона ба харҷ дода мешаванд.

Ҳадафи Ҳукумати мамлакат дар ин самт, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ба роҳ мондани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳбудии вазъи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчи васеътар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар дохили кишварамон мебошад.

Хусусан, бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони олии Федератсияи Россия мебошад.

Мо барои татбиқи ин ҳадафҳо дар қаламрави Россия 5 намояндагии дипломативу консулӣ ва илова бар ин, намояндагиҳои вазорату идораҳои марбутаро ифтитоҳ кардаем, то ки онҳо хизмати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷо оваранд.

Таъкид месозам, ки намояндагони сохтору мақомоти давлатии дар Россия фаъолиятдоштаи Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт вокуниш нишон диҳанд, онҳоро раҳнамоӣ кунанд ва ба мушкилоти ҳамватанони худ бетараф набошанд.

Шумо худ шоҳид ҳастед, ки ба шарофати ҷидду ҷаҳди пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия рӯз ба рӯз беҳтар гардонида мешавад.

Аз ҷумла муҳлати бақайдгириро махсус зикр бояд кард, ки аз 7 то 15 рӯз тамдид карда шуд. Ҳамчунин, масъалаи бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаллу фасл гардида, имрӯз шаҳрвандони мо аз ин ҷиҳат азият намекашанд.

Илова бар ин, бо саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 барои шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия “авфи муҳоҷиратӣ” гузаронида шуд, ки дар натиҷа беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо аз рӯйхати ихроҷшудагон аз Россия берун карда шуданд ва имконияти сафар кардан ба ин кишварро аз нав ба даст оварданд.

Мо дар робита ба ин гуфтушунидҳоро бо ҷониби Россия ҷиҳати зиёд намудани муҳлати бақайдгирӣ ва гузаронидани чорабинии навбатии авфи муҳоҷиратӣ идома дода истодаем.

Илова бар ин, мо зимни ин сафари расмиамон бо ҷониби Россия мавзӯъҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро алоҳида баррасӣ мекунем ва чанд санади ҳамкорӣ дар ин соҳа, аз ҷумла Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолият дар Федератсияи Россия ба имзо хоҳад расид.

Ин санад, бешубҳа, боз як қадами муассир ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти шаҳрвандонамон дар қаламрави Россия мегардад.

Дар қатори ин, масъалаи суръатбахшӣ ба раванди таҳияву имзои аҳдномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо нафақа, имкони кам кардани нархи патент барои онҳо ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Федератсияи Россия, ки ҳоло кишвари иқомати муваққатии шумоён мебошад, шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мо бо ин кишвари дӯст аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ кардаем, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро гирифтаанд.

Яке аз бахшҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи мо соҳаҳои гуманитарӣ, яъне илму маориф, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо мебошад.

 Ҳамасола дар қаламрави ҳар ду кишвар чорабиниҳои сершумори фарҳангӣ доир мегарданд, ки барои наздикшавии бештари мардумони Тоҷикистону Россия, инчунин, фароҳам овардани фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ нақши назаррас мебозанд.

Соҳаи маориф яке аз риштаҳои муҳимми ҳамкориҳои мо ба шумор меравад. Шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки сартосари Россия дар донишгоҳҳои мухталиф ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва намояндагонашон дар ин толор ҳузур доранд, қариб 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳар сол ҷониби Россия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 600 бурсия ҷудо менамояд. Тайи даврони тӯлонӣ Россия яке аз шарикони асосии иқтисоди хориҷии мо ба ҳисоб меравад ва мубодилаи молу маҳсулот бо ин кишвар дар соли 2018 беш аз як миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ҳамзамон бо ин, Федератсияи Россия аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаи энергетика яке аз мавқеъҳои аввалро ишғол мекунад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар, ки хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ мебошад.

Ин ҳамкориҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шакли фарогир ба роҳ монда шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби кунунӣ ҳамкориҳои самарабахши ҳарбиву техникӣ бо Федератсияи Россия суботу эътидоли вазъро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва фарохтар аз он таъмин менамоянд.

Зеро ҳар ҷо, ки сулҳу субот ҳукмфармост, рушди устувор ва пешрафти тамоми соҳаҳо имконпазир мебошад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки шаҳрвандони мо метавонанд дар пешбурди ҳамкориҳои боз ҳам судманд бо Федератсияи Россия нақши арзишманд дошта бошанд.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо метавонед бо сатҳи баланди фарҳангу маърифат, одоби муошират ва ахлоқу одоби шоистаи миллати куҳанбунёди тоҷик, муаррифӣ ва тарғиби ойину анъанаҳои бостонии миллиамон, табиати нодир ва имкониятҳои иқтисодиву сайёҳии кишвари мо барои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия саҳмгузор бошед.

Ҳамватанони азиз!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои усулии таҳкими давлатдорӣ аҳаммияти торафт бештар касб карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳити фикриву маънавӣ ва фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ низ тағйир меёбад, яъне дар шароити муосир ҳувият ва арзишҳо дар ҳолати осебпазирии ҷиддӣ қарор доранд.

 Имрӯз рушди воситаҳои муосири иттилоот имконият медиҳад, ки аз дуртарин нуқтаи сайёра афкори шаҳрвандони ин ё он давлат таҳти таъсири воқеӣ қарор дода шавад.

Чунин вазъ тақозо мекунад, ки мо ба масъалаҳои ҳувият ва худшиносиву худогоҳии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар дода, кишвари худро аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ҳифз намоем.

Ман дар суханрониҳои худ пайваста доир ба зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан ва обу хоки муқаддаси он таъкид мекунам. Таҳлили вазъи муҳити фикрӣ, ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандони бурунмарзии мо собит месозад, ки ин масъала аз гузашта дида, имрӯз ҳассосияти бештар пайдо намудааст.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми имконоти мавҷуда сафарбар карда шаванд.

Ҳоло дар қаламрави Федератсияи Россия зиёда аз 60 иттиҳодияву ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд.

 Ман ба ҳамаи ин марказу ҷамъиятҳо барои тарғиби фарҳанг ва маърифату таърихи куҳанбунёди кишварамон дар Федератсияи Россия миннатдории самимии худро изҳор менамоям.

Фикр мекунам вақти он расидааст, ки шумо барои мутамарказонидани фаъолияти ҷамъиятҳои худ саъю талош варзед ва ҷиҳати ташкил намудани Иттиҳодияи умумироссиягии тоҷикон иқдом намоед.

Дар баробари ин, донишҷӯёни сершумори мо низ, ки дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, бояд зери созмони ягона муттаҳид шаванд ва дар амри муаррифии шоистаи давлат ва мардумамон нақши арзандаи худро гузоранд.

Баъзе шаҳрвандони бурунмарзии мо ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, пайваста, бо ин кирдори худ аз як тараф ҳаёти хешро месӯзонанд, яъне паси панҷара мераванд ва аз сӯи дигар, эҳтирому обрӯи давлати моро доғдор месозанд.

Инчунин, ҳастанд ҷавононе, ки ҳангоми расидан ба синни хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои гуногун Тоҷикистонро тарк карда, аз ҷумла ба Россия мераванд.

Шумо роҳбарони ҷамъияту диаспораҳо бояд ба чунин ҷавонон фаҳмонед, ки хизмат ба Ватан-модар уҳдадории конститутсионии ҳар як шаҳрванд ва мактаби мардонагӣ буда, аз адои хизмат ба сарзамини аҷдодӣ саркашӣ кардан рафтори ҷавонмард нест.

Имрӯз, ҳамчунин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзе ҳамватанони мо баъди ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан зану фарзанд, падару модар ва хешу табори худро фаромӯш мекунанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар намешаванд.

Чунин рафтор ҳаргиз хоси миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо нест. Падару модар, зану фарзанд ва наздикон барои мардуми мо шахсони азизу ғанимат ҳастанд ва миллати мо оиларо муқаддас мешуморад.

Бинобар ин, ман ба шумо муроҷиат мекунам, ки ҳаргиз ва дар чӣ шароите, ки набошед, ба чунин рафтор роҳ надиҳед.

Ман ин нуктаҳоро дар назди шумо, роҳбарони ҷамъиятҳо ва шахсони обрӯманд барои он иброз медорам, ки барои сарҷамъии миллат ва дастгирии якдигар саҳмгузор бошед.

Бинобар ин, шумо ҳамватанони азиз, ки ба ин кишвари дӯст бо нияти неки бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, қонуну қоидаҳои кишвари иқоматро риоя кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед ва ҳамдигарро дастгирӣ намоед.

Роҳбарону фаъолони диаспораҳо ва чамъиятҳои тоҷикон ва онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро нишон диҳанд.

Вобаста ба ин, сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо ҷамъиятҳо, диаспораҳо ва дигар мақомоти дахлдор барои пешгирӣ намудани ҷалби муҳоҷирон ба ҷараёнҳои ифротгарои динӣ ва ҳимояи муҳоҷирон аз таъсири манфии ҳама гуна равияву ҳаракатҳои зарарнок чораҳои судманд андешанд.

Дар ин кори бисёр муҳим соҳибкорони муваффақ, зиёиёну донишмандон ва мутахассисони баландихтисосе, ки имрӯз дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, бояд саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Диаспораҳои тоҷикон дар Россия имрӯз танҳо аз муҳоҷирони меҳнатӣ - коргарони сохтмонҳои Россия иборат нестанд.

Ҳазорон нафар намояндагони зиёиён-олимон, табибон ва мутахассисони касбҳои дигар дар ин кишвар зиндагиву фаъолият мекунанд ва аллакай дар ҷомеаи Россия ҷойгоҳи шоиста пайдо кардаанд.

Онҳо бояд рисолати худро ҳамчун зиёӣ, яъне виҷдон ва номуси миллат анҷом диҳанд.

Дар ин раванд, сафорат, консулгариҳои кишвар, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ вазифадоранд, ки барои муҳайё намудани фазои мусоиди маънавӣ, тарбия ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ғурури миллӣ, нигоҳдорӣ ва густариши фарҳанг ва забони миллӣ дар байни муҳоҷирон тавассути нашри китобҳои бадеӣ ва дарсӣ ба забони тоҷикӣ, ки рушди давлатдории тоҷиконро ҳамаҷониба инъикос намоянд, инчунин, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо иштироки муҳоҷирон тадбирҳои судманд андешанд.

Хусусан, зарур аст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои бузурги миллиамон – истиқлолият ва Наврӯз аҳли санъат, зиёиёни эҷодкор ва намояндагони обрӯманди ҷомеа ба чорабиниҳои муҳоҷирони меҳнатӣ даъват карда, маъракаҳои ҷашнӣ бо омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд гузаронида шаванд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон қариб дар тамоми нуқоти кишвари паҳновари Россия таҳсил ва кору фаъолият доранд.

Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати хориҷии худ рушду тавсеаи ҳамкориҳои судмандро бо минтақаҳои Федератсияи Россия ҳамчун самти умда арзёбӣ менамояд.

Дар ҳоли ҳозир робитаҳои минтақавӣ бо беш аз 70 субъекти Федератсияи Россия дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва дигар арсаҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар арафаи Наврӯз сафари Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамт бо яке аз минтақаҳои пешрафтаи Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, Анҷумани доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Тотористон баргузор гардида, зимни он миёни бисёр субъектҳои хоҷагидори ду ҷониб робитаҳои мустақим барқарор шуданд.

Дар раванди таҳкими робитаҳо бо субъектҳо ва доираҳои соҳибкории кишвари Россия ҳамватанони бурунмарзии мо, ҳамчунин, бояд намунаи одобу ахлоқи ҳамида ва густаришдиҳандаи фарҳангу тамаддуни олии тоҷикон дар хориҷа бошанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар сафири фарҳангии кишвари худ мебошад.

Айни замон дар сартосари кишвари маҳбубамон ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни таърихиву фархундаи 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистони азиз амалҳои созандаву ободкорӣ вусъати бесобиқа касб намудааст ва шумо низ метавонед ба ин раванди нек ҳамроҳ шуда, мувофиқи имконият барои рушду тараққиёти Тоҷикистон, ободиву пешрафти Ватани аҷдодии худ ва зодгоҳатон саҳми арзишманд гузоред.

Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз зарур аст, ки ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед, Тоҷикистонро қисмат накунед ва ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан – модар дорем.

Ва дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед. Агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба тарбияи фарзандон ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя эътибори ҷиддӣ зоҳир бояд кард, зеро барои кадрҳои хуб сарҳад вуҷуд надорад ва фарзандони мову шумо, яъне кадрҳои тарбиякардаи мо дар ҳама ҷой мавқеи худро пайдо карда метавонанд.

Итминон дорам, ки мо ҳама якҷоя минбаъд низ пешрафту тараққиёти устувори давлати соҳибистиқлоламонро таъмин намуда, онро ба як кишвари мутараққӣ табдил медиҳем.

Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки соҳиби Ватан моем ва таъмин намудани ҳаёти ободу осоиштаи Тоҷикистон низ дар дасти худи мост. Сидқан дӯст доштани Ватани биҳиштосо қарзи фарзандиву инсонии ҳар яки мо мебошад.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик тансиҳатӣ, саодат ва муваффақиятҳои беш аз пеш орзу менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520