Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Императори Япония Нарухито

01.05.2019 21:30, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон Шуморо дар робита ба сари тахти Императори Япония нишастанатон самимона табрику таҳният мегӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.

Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдаатон дастовардҳои рӯзафзун, барои кишвари дӯсти Япония ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520