ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 14 майи соли 2019 №244
ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Д.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Дилмурод Ашурбек директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон