Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов

17.05.2019 12:02, шаҳри Душанбе

17 май дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масъалаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосири ба амнияти кишварҳои минтақа таъсиргузор, иброз доштанд, ки танҳо ҳамгироии кишварҳо ва муборизаи муштарак имкон фароҳам меорад то ин вабои аср аз байн бурда шавад.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани кори конфронс, пешсафии кишвари мо дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520