Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

10.06.2019 11:19, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим-Жомарт Токаевро ба  муносибати пирузии устувораш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  сидқан табрику муборакбодӣ намуда, ба ӯ комгорӣ ва фаъолияти самарбахшро дар  ин маснади сермасъули давлатӣ  орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ масири рушди бомуваффақиятро касб кардаанд, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи эътимодбахшу шаффофи байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Дар ин зимн масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.  

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520