Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

20.06.2019 15:53, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ”, “Дар бораи чарогоҳ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ”, ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, ба хусус рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, дар он масъалаҳои тартиби ба истифода додани чарогоҳ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандагони он, назорати истифодаи дуруст ва босамари чарогоҳ, инчунин дигар масъалаҳои чарогоҳ ба таври пурра танзим карда шуданд.

Дар асоси тағйироти воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии навтаъсис дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва авиатсияи гражданӣ муайян карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» воридгардида, ба рушди соҳа дар самти ташкили махзани электронии феҳристи иҷозатномаҳо, такмили салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии соҳаи иҷозатномадиҳӣ ва паҳлуҳои дигари соҳаи номбурда равона карда шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ пайваст кардани симкортҳо ба шабакаи алоқаи барқӣ ва бо истифода аз онҳо содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта равона гардида, барои содир кардани чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро муқаррар кардааст.

Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, кормандони мақомоти номбурда минбаъд оид ба доромад ва вазъи молумулкии худ ба мақомоти дахлдор бояд эъломия пешниҳод намоянд.

Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, татбиқи дурусти сиёсати пуливу қарзӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520