Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор

24.06.2019 08:27, ноҳияи Сангвор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Шуъбаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешаванд ва дар онҳо барои кормандон ҷиҳати боз ҳам  беҳтар намудани кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дуошёна сохта мешавад ва дар тарҳи иншоот бунёди 1 толори варзишӣ, 4 утоқи корӣ ва утоқи бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр сохта мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои муаррифии  лоиҳаи  бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор иттилоъ дода шуд, ки  иншооти нав дар масоҳати 20 садяк замин ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бинои нави Шуъбаи маориф сеошёна буда, аз 12 утоқи корӣ ва толори барҳавои маҷлисӣ барои 90 нафар иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншоот ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дар рафти корҳои бунёдӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири кору фаъолият барои кормандон ҷиҳозонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози корҳои сохтмонӣ ва шиносоии пурра бо лоиҳаҳои бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва Шуъбаи маорифи ин ноҳия ба масъулин ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расондани корҳо ва таваҷҷӯҳи бештар додан ба интихоби масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520