Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Исфара

13.06.2012 20:30, шаҳри Исфара

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳои ташналаб шодоб гардида, дар зиёда за 800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ шудааст.

8 километри канали обёрӣ, ки дарозии умумиаш 10 км хоҳад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моҳпарӣ расидааст. Дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба каналӣ Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки беш аз 4 километри ин канал дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд. Барои қиёс зикр гардид, ки 5 км аввали ин канал замони шӯравӣ дар давоми 5 сол омода гардида будааст. Аз ин хотир бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми Исфара бо нерӯи бузурги ваҳдатофарӣ матонати бемисли Фарҳоди кӯҳканро дар ин мавзеъ бори дигар такрор намудаанд.

Тавре зикр гардид, ба ин кор, асосан ҳавасмандии мардум ба ободонии ин мавзеи паҳно, ҳалли мушкилоти манзилӣ ва ҳамчунин қобилияти ташкилию сафарбарсозии роҳбарияти шаҳри Исфара боис гардидааст.

Аксари булдозеру экскаватор ва дигар техникаю механизмҳо моликияти шахсии соҳибкорону аҳолии дигари шаҳри Исфара буда, бехарҷи маблағҳои давлатӣ ба ин кор сафарбар шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввали яктогӣ мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид.

Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммоми ҷамъиятӣ ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд.

Дар ин мавзеъ, асосан оилаҳои ниёзманди деҳаҳои сераҳолии Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ, Кулкант, Нефтобод ва ғайра, ки мушкилоти ҷиддии манзилӣ доранд, ҷойгир карда мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки маҳаллаҳои нави истиқоматиро бо шабакаҳои обу барқ, роҳҳои мумфарш, хонаҳои зебою устувор ва дигар шароити зарурӣ бунёд намоянд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва як мағозаи фурӯши китобро ифтитоҳ намуд ва аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карда, дастур дод, ки онро навсозӣ ва дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст кунанд.

Аввал корхонаи саноатӣ, ки бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба кор дароварда шуд, ин корхонаи Исфара – фуд доир ба коркард ва бастубанди хушкмеваи зардолу, себ ва ғайра буд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар ин корхона 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Иқтидори лоиҳавии корхона 3 ҳазор тонна буда, дар 4 моҳи аввали кор дар ин ҷо 150 тонна хушкмева коркард ва дар зарфҳои зебои бозоргузар бастубандӣ шудааст. То охири сол аз ин ҷо то 600 тонна хушкмева бояд ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Корхонаи дуюми саноатӣ бо номи Сан Фуд бунёд ёфтааст, ки маънояш озуқаи офтобӣ мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 88 нафар соҳиби кор шудаанд. То охири сол шумораи коргарон бояд ба 140 нафар расонда шавад. Соли равон аз ин корхона беш аз 350 тонна хушкмева содирот хоҳад шуд. Ба иттилои Раиси раёсати ширкати Барс Бахтиёр Мирзобаҳодуров, ки таъсисдиҳандаи ин корхона мебошад, то соли 2013 иқтидори коркард ва содироти хушкмеваи ин корхона ба 1,5 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд.

Дар паҳлӯи он, ҳамчунин як хатти нави технологӣ оид ба коркарди меваю сабзавоти тару тоза дар корхонаи саноатии Бадр и Ко ба кор дароварда шуд.

Дар ин корхона, асосан афшураю хамираи зардолу, себ, помидор омода ва аввал дар зарфҳои калонҳаҷм ҷойгир мешавад. Сипас ин маҳсулоти нимтайёр давоми 8 моҳи дигар дар зарфҳои хурди ба бозори истеъмолӣ пешниҳодшаванда бастубандӣ мегардад. Номгӯи пурраи маҳсулоти ин корхона аз 6 намуд иборат аст.

Бо фаъол гардидани хатти нави ассептикӣ иқтидори истеҳсолии корхонаи Бадр и КО аз 2 миллион ба 4 миллион қуттии шартӣ расонда шуда, шумораи коргаронаш аз 30 ба 60 нафар расид.

Мавриди зикри хос аст, ки маҳсулоти ҳарсе корхонаи имрӯз дар шаҳри Исфара фаъолгардида, асосан ба содирот ба Русия, Беларусу Украина ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронда шудааст. Сифати истеъмолии қисмати зиёди ин маҳсулот дар озмоишгоҳҳои муътабари байналмилалӣ озмуда шуда, соҳиби сертификати ҷаҳонии HASP мебошанд.

Бо қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон то охири соли 2013 шумораи корхонаҳои коркард ва бастубанди меваи хушк дар шаҳри Исфара ба 15 адад мерасад.

Соҳибкорони исфарагӣ, ҳамчунин азм доранд, ки як адад чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб низ бунёд намуда, меваю сабзавоти ин минтақаи пурфайзу баракатро мавриди коркарди саноатӣ ва бастубанд қарор диҳанд ва иқтидори содиротии ширкатҳои худро афзун намоянд.

Зимни ифтитоҳи Маркази савдои Марҳабо, ки дар ошёнаи аавали он мағозаи калони фурӯши китоб ҷойгир шудааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло он дорои 10 ҳазор нусха китоб аст ва то моҳи сентябри соли равон ин шумора ба 40 ҳазор мерасад.

Дар як гӯшаи он, ҳамчунин китобхонаи электронӣ омода шудааст, ки бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китохонаҳои бонуфузи ҷаҳон пайваст мебошад.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара бо боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳр ба поён расид.

Дар ҳузури чандин ҳазор нафар варзишгарони касбӣ ва ҷавонону наврасон, ки барои истиқболу гусели меҳмони олимақом гирд омада буданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки ин варзишгоҳ мавриди навсозии пурра қарор гирифта, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520