Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Комбинати кишоварзии “Дзержинский”-и Ҷумҳурии Беларус

30.06.2019 12:27, Беларус

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии “Дзержинский” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии “Дзержинский” яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гуштию ширии чорво, гушти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмуъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гушту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.

Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот  назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фуруши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гушаҳои гуногуни Беларус мебошад. 

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520