Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки сарвари давлат дар машқҳои ҳарбӣ

14.06.2012 18:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд ташриф оварда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат намуд.

Дар ин машқгоҳ қисмати ниҳоии машқҳои байналмилалии ҷузъутомҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва нерӯҳои махсуси давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Барои иштирок дар ин машқҳо беш аз 2,5 ҳазор низомиён, зиёда аз 300 адад техникаи вазнини зиреҳпӯш ва 50 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар шудаанд.

Ҳадафи асосии ин машқҳо дар амал санҷидану сайқал додани ҳамоҳангии амалиёти муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити наздик ба ҳолати ҷангӣ дар кӯҳу биёбон мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки чунин машқҳои бузургмиқёси кишварҳои аъзои ин созмон дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор мегардад.

Зимни амалиётҳои муштараки ҷузъутомҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, нерӯҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай душмани шартӣ - гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки барои ноором кардани вазъи сиёсию иҷтимоии яке аз кишварҳои аъзои ин созмон амалиёти тахрибкоронаю террористӣ ба роҳ монда, мардуми як маҳаллаи истиқоматиро ба гарав гирифта буданд, торумор карда шуд.

Амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ бо ҳамоҳангии дақиқи фаъолияти тамоми қувваю васоити ҷалбгардида, аз ҷумла ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангию нақлиётӣ, техникаи вазнини зиреҳпӯш, тӯпҳои худгард, артиллерияи реактивӣ, намудҳои гуногуни аслиҳаи тирандоз ва нерӯҳои махсуси хадамоти амниятию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиаи гражданӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Машқҳои бузургҳаҷми имрӯза бори дигар собит намуд, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳифзи амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш дар минтақаи масъулияти худ иродаи устувор ва омодагии қавии доимӣ доранд.

Машқҳои байналмилалии мазкур, ҳамчунин дар тақвият бахшидани омодагии доимии ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ва таҳкими дӯстию рафоқати миёни низомиёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим гузошт, зеро барои омодагӣ ва ташкилу гузарондани ин машқҳо онҳо беш аз як моҳ дар ин ҷо фаъолияти якҷоя доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати муштараки нишондодаи иштирокдорони машқҳо баҳои баланд дода, роҳбарияти вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишварро ба тақвияти доимии омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ ва пайваста сайқал додани маҳорати касбии онҳо ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520