Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

13.06.2012 18:00, шаҳри Конибодом

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди кишварамон бистсолагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии мамлакат ва понздаҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ – муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Дар фароҳам овардани сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Суғд хеле бузург мебошад.

Зеро бо дастгириву пуштибонии аҳолии мамлакат заминаву имкониятҳои мусоид барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ фароҳам гардида, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат тадриҷан комёбиҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.

Мо азми қавии мардуми вилоят, аз ҷумла сокинони меҳмоннавозу заҳматписанди шаҳри Конибодомро дар роҳи устуворсозӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бараъло эҳсос менамоем.

То вохӯрӣ бо шумо мо бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу кишоварзии шаҳри Конибодом, махсусан боғҳои зардолу шинос гардида, таассуроти хуб ҳосил намудем. Баракат ва самараи неки боду ҳавои мусоиди имсола аз ҳосили фаровони боғу майдонҳои зироатҳои кишоварзӣ дида мешавад.

Бояд гуфт, ки соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.

Аз соли 1995 то инҷониб аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳри Конибодом 162 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети шаҳр равона карда шудааст.

Маблағгузории рушди ноҳия ҳамасола зиёд гардида, танҳо дар даҳ соли охир беш аз 14 баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2000-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия 1,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2011 беш аз 31 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки дар шаҳри Конибодом доир ба зиёд кардани даромади буҷет захираву имкониятҳои мусоид мавҷуданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодомро зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва ташкили корхонаҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон, инчунин вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Мардуми Конибодом ва махсусан аҳли зиёи он ҳамеша пешоҳанг ва пешбарандагони илму маориф ва санъати тоҷикон буданд. Саҳми онҳо махсусан дар раванди ташаккул ва таҳаввули маорифи Тоҷикистон ва омода кардани мутахассисони касбу кори мухталиф хеле назаррас мебошад.

Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти Конибодом бо истифода аз таҷрибаи пешқадами хеш дар самти вусъат додани корҳои ободониву созандагии диёри хеш аз ҳарвақта бештар заҳмат кашида, барои боз ҳам афзоиш додани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва кишварамон саҳми сазовор мегузоранд.

Дӯстони азиз!

Таҳлили вазъи молиявию иқтисодии вилоят нишон медиҳад, ки қисми даромади буҷет дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба нақша ба андозаи 114 фоиз иҷро шудааст.

Вале дар вилоят захираву имкониятҳои боз ҳам афзун намудани даромади буҷет кам нестанд.

Дар ин самт ҳарчи пурсамар амалӣ намудани сиёсати давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин бартарафсозии монеъаҳои маъмурӣ дар маҳалҳо омили муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, ба сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани сарчашмаҳои андозбандӣ, кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки иҷрои босифату саривақтии буҷет ва сарфи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ самти муҳими фаъолияти сохтору мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомот мебошад.

Ҳоло дар вилояти Суғд 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ, обёрии заминҳо, обтаъминкунии аҳолӣ ва энергетикаву нақлиёт мавриди татбиқ қарор дошта, то ба имрӯз 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар панҷ моҳи соли равон қариб 100 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Лоиҳаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят равона гардида, дар маҷмӯъ татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне таъмини амнияти озуқавориву истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро таъмин менамоянд.

Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бартараф намудани изофанависӣ ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ ба таври ҷиддӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ тасмим гирифтааст, ки дар раванди ислоҳоти ҷараёндоштаи низоми андозбандӣ як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ намояд.

Маҳз ба ин хотир дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба масъалаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандони мамлакат таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар вилоят аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда пешниҳоди маблағҳо нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ 23 фоиз афзоиш ёфта, беш аз 440 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки онҳо ба рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат мекунанд.

Дар ин давра шумораи мизоҷон дар вилоят аз 980 ҳазор ба беш аз 1 мллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Вобаста ба ин, тамоми сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорон, махсусан соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар панҷ моҳи соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёда аз 116 фоиз таъмин намудаанд.

Илова бар ин, дар вилоят дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 46 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, иқтидори истеҳсолии як қатор корхонаҳои бозистода ба кор дароварда шудааст, ки дар натиҷа ҳазору панҷсад ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Вале дар баробари ин, дар як қатор корхонаҳои саноатии вилоят бо сабабҳои мавсимӣ будани фаъолият, норасоии маблағҳои гардон ва ашёи хом, ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр, инчунин фарсуда гаштани тачҳизоти технологӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кам гардида, фаъолияти мунтазами корхонаҳо таъмин нашудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ аз 276 корхонаи саноатии вилоят 62 адади онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш дода, 25 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.

Коркарди пахта ва пилла суст гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли газворҳои пахтагину абрешимӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Ҳол он, ки дар ин самт имконияту иқтидорҳои истифоданашуда хеле фаровон мебошанд.

Аз ин рӯ, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба Вазорати энергетика ва саноат якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин роҳбарони ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳо ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин сохтору идораҳои дахлдор, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғдро зарур аст, ки ба масъалаи коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

Зеро коркарди пурраи ашёи хом дар дохили кишвар, агар аз як тараф манфиати зиёди молиявию иқтисодӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар омили муҳими ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Ҳамзамон бо ин, рушди соҳаи коркарди пурраи маҳсулот ба ҳарчи бештар таъмин шудани талаботи бозори дохилӣ ва афзун гардидани имкониятҳои содиротии мамлакат мусоидат менамояд.

Масъалаи ҳалталаби дигаре, ки ҳалли фавриро тақозо дорад, дар сатҳи зарурӣ ташкил нагардидани фурӯши маҳсулоти тайёр мебошад.

Ба ҳолати аввали июни соли ҷорӣ дар анборҳои корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи қариб 700 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр то ҳоло харидори худро пайдо накардааст. Агар дар аввали сол маҳсулоти тайёр дар анборҳои корхонаҳои саноатӣ 270 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,5 баробар афзудааст.

Бинобар ин, дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан роҳбарони корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки ба масъалаи мазкур диққати махсус диҳанд ва ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии молу маҳсулоти истеҳсолшаванда ва пайдо намудани бозори фурӯши онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бо таҷҳизоти технологии наву замонавӣ таъмин намудани онҳо, бунёди корхонаҳои нав ва дар ин замина таҳким бахшидани нерӯи саноативу истеҳсолии мамлакат самти муҳими фаъолияти масъулини соҳа ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи амал оид ба ташкили корхонаҳои саноатӣ барои солҳои 2012-2013 қабул шудааст, ки тибқи он соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Суғд 70 корхонаи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумат, сохтору мақомоти дахлдор ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани вазифаҳои дар ин самт гузошташуда, инчунин фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло дар қаламрави кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” таъсис дода шудааст. То имрӯз дар минтақаи зикршуда 18 субъект, аз ҷумла 7 субъекти хориҷӣ ва 11 субъекти дохилӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар баробари ин, дар ин самт як қатор масъалаҳо то ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтаанд. Масалан, 320 гектар ҳудуди барои рушди минтақа ҷудогардида то имрӯз пурра азхуд нашудааст.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодии Суғдро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва ба маркази пешбарандаи саноатӣ табдил додани минтақа чораҳои саривақтиро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, ҷиҳати ноил шудан ба рақобатпазирии молҳои истеҳсоли ватанӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ҳамаҷониба чораҷӯӣ намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки даромадҳои пулии аҳолии мамлакат ҳамасола афзоиш меёбанд, ки ин раванд пеш аз ҳама боиси осудагии зиндагии аҳолӣ мегардад.

Ин омил дар навбати худ боиси тадриҷан зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба молҳои баландсифат гардида, сохтору мақомоти дахлдор ва соҳибкорону масъулони корхонаҳои саноатии кишварро водор месозад, ки ҷиҳати воридоти технологияи навтарин ва бо ин роҳ афзун намудани номгӯи молҳои истеҳсоли ватанӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳоло дар вилоят истихроҷи ангишт торафт вусъат гирифта, дар панҷ моҳи соли равон истеҳсоли он ба 48 ҳазор тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз зиёд мебошад. Захираи ангишт қариб 22 ҳазор тоннаро ташкил дода, нуқтаҳои фурӯши он ба 701 адад расидааст.

Дар ин ҷода зарур аст, ки ҷиҳати таъмини талаботи корхонаҳои саноатӣ, захира кардани сӯзишворӣ барои зимистонгузаронии иншооти иҷтимоӣ ва аҳолӣ доир ба масъалаи боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли ангишт мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Инчунин, ҷиҳати дар ҳамаи ҷамоатҳо ва деҳаҳои дурдаст ташкил кардани нуқтаҳои фурӯши ангишту гази моеъ ва таъминоти мунтазами онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дӯстони азиз!

Дар натиҷаи заҳмати кишоварзони вилояти Суғд ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли он беш аз 390 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз панҷ фоиз зиёд мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии мамлакат ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, масъулону фаъолон ва роҳбарони ҳар як хоҷагии кишоварзиро водор менамояд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, инчунин сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва ба ин васила таъмин намудани талаботи бозори истеъмолии кишвар чораҳои мунтазам андешанд.

Айни замон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят кишти баҳорӣ аллакай ба анҷом расида, дар майдони 8500 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2300 гектар зиёд мебошад. Ҳоло дар минтақаҳои баландкӯҳ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Истаравшан ва Панҷакент кишт идома дошта, то имрӯз дурнамои кишти картошка 95 фоиз таъмин шудааст.

Имсол тибқи дурнамо кишоварзони вилоят ба нақша гирифтаанд, ки дар масоҳати қариб 8,5 ҳазор гектар, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент 2000 гектар кишти картошка гузаронанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 мутаносибан 2300 ва 1600 гектар зиёд мебошад.

Тавре шумо дар хотир доред, соли гузашта зимни сафар ба ноҳияҳои вилояти Суғд бо дарназардошти аҳамияти муҳим доштани истеҳсоли картошка дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мо дар назди кишоварзони мамлакат вазифа гузошта будем, ки дар давраи кӯтоҳмуддат ҳаҷми истеҳсоли картошка ба як миллион тонна расонида шавад.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати кишоварзӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати иҷрои вазифаи гузошташуда чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро иқлими кишвар ва имкониятҳои истифоданашуда барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка басо мусоид мебошанд.

Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва гирифтани ду - се ҳосил аз як замин буд, ки ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта истодааст.

Дар айни замон ин тадбирҳо имкон доданд, ки дар шароити гармшавии иқлими сайёра, зуд-зуд такрор шудани офатҳои табиӣ, зиёдшавии аҳолии кураи замин ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ, ки боиси торафт баланд шудани нархи озуқаворӣ мегардад, нархи маҳсулот дар бозори истеъмолии кишвари мо мӯътадил нигоҳ дошта шавад.

Бинобар ин, зарур аст, ки баъди ҷамъоварии зироатҳои баҳорӣ кишти такрорӣ сари вақт оғоз карда шавад, зеро ин таҷриба ҳамчун омили муҳими фаровонҳосилӣ ба коҳиш ёфтани нархи маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.

Таҳлили соҳаи чорводории вилоят нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорво тадриҷан зиёд гардида, маҳсулнокии он низ беҳтар шуда истодааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорво ва паранда дар панҷ моҳи соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки дар вилоят дар давоми зимистони тӯлонии гузашта талафоти чорво беш аз 8 ҳазор сарро ташкил додааст. Яке аз омилҳое, ки ба афзоиши талафоти чорво таъсир расонидааст, пеш аз ҳама, захира накардани меъёри зарурии хӯроки чорво ва нокифоя будани омодагии соҳа ба давраи зимистонгузаронӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки имсол барои таъмин намудани захираи дусолаи хӯроки чорво тамоми имкониятҳоро сафарбар созанд.

Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гӯшту шири ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Афзун намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва паранда, зиёд кардани захираи хӯроки чорво аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими рушди соҳа дар самти таъмини ҳадафи гузоштаамон мебошад.

Ҳоло дар майдонҳои зардолузори вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара ва Ашт ҳосили хуби ин меваи шаҳдбор пухта расидааст.

Солҳои пеш меваи кишвар асосан бе коркарди саноатӣ содир карда мешуд, ки дар натиҷа деҳқонон фоидаи кам ба даст меоварданд.

Ҳоло соҳибкорони шаҳри Исфара ба коркарди саноатии меваи зардолу аҳамияти махсус медиҳанд, ки ин омил аз як тараф ба гирифтани даромади бештар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар воситаи муҳими муаррифӣ намудани кишвар ва молҳои истеҳсолии мо дар хориҷа мегардад.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки дар баробари амалӣ намудани барномаи бунёди боғу токзорҳои нав ва барқарорсозии боғҳои кӯҳна ба масъалаи ҳарчи бештар ба коркарди саноатӣ фаро гирифтани меваю сабзавот дар дохили мамлакат аҳамияти махсус диҳанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ба масъалаи бартарафсозии ҳама гуна монеаҳои маъмурӣ дар самти воридоти технологияи пешрафтаи истеҳсолӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати пурра ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои замонавӣ ҳамаҷониба мусоидат карда шавад.

Ҳозирини арҷманд!

Яке аз масъалаҳои рӯзмарра истифодаи самараноки обу замин ба ҳисоб меравад. Дар вилояти Суғд 286 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки 175 ҳазор гектари онҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар давраи тобистон ба масъалаи обёрии саривақтии заминҳо ва таъмини мунтазами мошинҳо бо нерӯи барқ аҳамияти зарурӣ дода шавад.

Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Конибодом, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Зеро ин тадбирҳо шарти муҳимтарини афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, муҳайё гардидани ҷойҳои иловагии корӣ ва зиёд шудани даромади аҳолӣ мебошад. Вобаста ба ин, доир ба коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти он чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.

Боиси қаноатмандист, ки дар ноҳияи Исфара заминҳои партов умуман мавҷуд набуда, илова бар ин, ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, аз ҷумла дар мавзеи Моҳпарӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.

Ҳоло бо иқдоми роҳбарияти вилоят ва бо дастгирии соҳибкорон 6 километр канал барои обёрӣ намудани ҳазорҳо гектар замини нав ба тариқи ҳашар омода гардидааст.

Дар ин мавзеъ боғҳои зардолу ва як маҳалли калони аҳолинишин бунёд карда мешавад, ки ин барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла ба манзили истиқоматӣ таъмин намудани аҳолии ҷамоатҳои калон омили муҳим мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи бунёди иншооти зарурӣ, аз ҷумла мактабу бунгоҳи тиббӣ дар мавзеи зикршуда, инчунин истифодаи сарфакоронаи об чораҳои зарурӣ андешанд.

Самти дигари муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон мебошад.

Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат дар соли 2012 дар миқёси вилояти Суғд бояд беш аз 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 19 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки ин 55 фоизи барномаро ташкил медиҳад.

Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, иҷрои пурраи барномаро таъмин намоянд.

Дар ин самт зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу ҳунаристонҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо марказҳои касбомӯзии калонсолон ташкил карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад. Зеро ташаккулёбии шахсиятҳои ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи маърифати устодон ва фаъолияти мураттаби мактабҳо вобастагии калон дорад.

Ғайр аз ин, роҳбарони сохтору идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои тандурустиву фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус диҳанд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, бо истифода аз маблағҳои иҷрои барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ, ҷалби имкониятҳои соҳибкорону тоҷирон ва аҳолӣ доир ба рушди деҳот, таъмири роҳҳои дохили шаҳру ноҳияҳо, байни ноҳияҳо ва ҷамоату деҳот чораҷӯӣ кунанд.

Бо истифода аз ширкати роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулону фаъолон таъкид месозам, ки робитаи худро бо мардум мустаҳкам намуда, дар навбати аввал худатон намунаи ибрат бошед, доир ба ҳалли мушкилоти аҳолӣ сари вақт чораҷӯӣ кунед ва ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб тадбирҳои судманду қонунӣ андешед.

Махсусан иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро ҳамаҷониба назорат кунед.

Масъалаҳои ободонии диёр, арҷгузорӣ ба сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, кӯмак ба пиронсолону эҳтиёҷмандон ва ятимону маъюбон, фароҳам овардани фазои солими кору фаъолият барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, таъмини фаъолияти мураттаби иншооти иҷтимоӣ ва нақлиёти мусофиркаш аз ҷумлаи корҳои ҳаррӯзаи ҳар як роҳбари сохтору мақомоти иҷроия мебошанд.

Таҷрибаи қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин кӯмак ва сарпарастии эҳтиёҷмандон ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби соҳибкорону шахсони хайрхоҳ, ки дар вилоят ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, қобили таҳсину дастгирист.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Конибодом минбаъд низ бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо тансиҳативу барори кор, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша саломат бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520