ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
озод намудани Сайфуддинзода М.К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
22 июли соли 2019
№1316