Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ба истифода супоридани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 08:31, шаҳри Ваҳдат

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, дар як муҳлати кӯтоҳ сохтмони он бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.

Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидаанд.

Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардонидааст, ки инҷо ба як мавзеъи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ëфтааст.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешавад.

Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфта аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.

Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он бахусус шомгоҳҳон зебову нотакрор буда, бо системаи муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ майдони сайру саёҳат низ барои сокинон сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520