Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 08:59, шаҳри Ваҳдат

Рӯзи 2-юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди чунин маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳсану офарин хонданд.

Соҳибкор Акмал Раҳимов аз дастгириҳои пайватаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгрии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ ва додани имтиёзҳои фаррох барои рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1800 метри кв-ро ташкил медиҳад. Бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ворисони Аваз-500» анҷом дода шудааст.

Тибқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати як сол бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинон ва меъморони маҳаллӣ ба ҷойи кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, бо маоиши хуб таъмин карда шуданд. Дар маҷмуъ бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа дар таҳхонаи бинои Марказ мағозаи фурӯши пойафзол ва либоса ба роҳ монда мешавад.  Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва «Кошонаи ҳусн» мавҷуд аст, ки дар як вақт ба 12 нафар мизоҷ хизмат расонида мешавад. Дар мағозаи фурушӣ маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сандуқҳои бо нақшу нигори миллӣ сохтаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудааст.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди чунин иншооти бисёрсоҳаро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон туҳфаи арзанда унвон карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки имрӯз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фаррохро фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлатӣ буд, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.

Дар ошёнаи дуюм, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти дӯхташуда аз ҷумла, либосҳои мактабӣ, либосҳои миллӣ ба монанди чакан ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон «Кошонаи ҳусн» дар як вақт барои қабули 8 нафар мизоҷ пешбинӣ гардидааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нав таъмин карда шуда, дар ин ҷо қариб 30 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷойи хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар ошёнаи сеюм ҷойгир буда, он бо таҷҳизоти пешрафта аз қабили, мошинчаҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва дигар асбобҳое, ки барои бозии кӯдакон пешнинӣ гардидааст муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар рӯзи ба фаъолият оғоз кардани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Раҳимов хатнаи зиёда аз 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои низманд ва ятимон гузаронида шуд.

Сохта ба истифода додани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки фарзандони сокинони шаҳри Ваҳдат дар шароити муосир ва беҳтар ба фароғат фаро гирифта шаванд. Сокинон таъкид медорад, ки дар маркази шаҳри Ваҳдат чунин маркази хизматрасонии бисёрсоҳа мавҷуд набуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ дар Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қомат афрохтани бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам сохт, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, бо хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд инчунин ба ҳусни шаҳри Ваҳдат зебоӣ зам гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520