Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 13 ошёна ва марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 09:03, шаҳри Ваҳдат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири истиқоматӣ аз 13 ошёна иборат буда, аз руи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхонаи барҳаво бо 150 ҷои нишаст, нуқтаҳои муосири фурӯши сарулибоси мактабӣ, мардона ва кӯдакона, мебел, маводҳои конселярӣ ва рузғор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ ва хурока дар маҷмуъ 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷои корӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо дорои шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар ошёнаи якум, бозори барҳаво дар таҳхона, анҷоми корҳои сохтмонии дигар биноҳои истиқоматию марказҳои хизматрасонӣ наздики 1 ҳазору 500 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

 Дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хурока бозори васеъ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда соҳибкорон ва сокинони шаҳри Ваҳдат имкон доранд, ки маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва дигар маводҳои рузғорро ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод намоянд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо назардошти нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин васила боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати ҳама намуди хизматрасониҳо ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳаллим Қодирзода бунёд шудааст.

Барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касбӣ дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат бо сарулибоси мактабӣ дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонӣ ҳамзамон коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фуруши сарулибоси мактабӣ сохта шудааст.

Дар ҳаминҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити мавҷудаи марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Маврид ба таъкид аст, ки бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва бо ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2014 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар шафати бинои нави истиқоматӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор андохта шуд, ки айни ҳол дар он 120 нафар занону духтарони хонашин фаъолият доранд ва аз рӯи дархост ба дӯхти сарулибоси ҳарбӣ машғуланд.

 Хотиррасон менамоем, ки санги асоси ин бинои истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ соли 2014 зимни сафари кории Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат гузошта шуда буд.

Дар ин муддат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 80 нафар мутахассис ва коргарони маҳалллӣ масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ аз ҷумла семент аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъияти маҳдуди «Ёқут 2000» -ум истифода гардид.

Дар тарабхонаи навбунёди бино бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа хатнасури 100 нафар кудакони ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакони хуштолеъ аз номи Пешвои миллат туҳфаҳову шириҳо тақдим карда шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Кудакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд».

Бинои муосири истиқоматӣ дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохта аз 297 хонаи як, ду ва се ҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтани Пешвои миллат шахсони ниёзманди ҷомеа, кудакони ятиму бепарастор ҳамеша дастгирӣ ёфта, барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ ва болидаруҳии онҳо, тадбирҳои шоистаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро ба сокинон табрику таҳният гуфта дар ҳаминҷо ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд. Ҳамаи манзилҳои истиқоматие, ки имруз дар вазъияти тантанавӣ, аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуд бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаву созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу бономуси Ватан барои бо дастоварҳои беназир истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар Ватан вусъат медиҳанд.

Айни ҳол бо саҳми соҳибкор дар соҳили руди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо назардошти тавақуфгоҳ, ҷой барои бозии кудакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад.

Оянда бо бунёду навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгашт ва марказҳои муосири хизматрасонӣ инҷо ба як макони истироҳату фароғат табдил хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520