Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо ҷараёни асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 09:35, шаҳри Ваҳдат

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро бошад Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсосзӣ пурра ба инобат гирифта шудааст.

Сафарбарнамоии техникаву механизми ҳозиразамони мумфаршкунӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва риояи пурраи талаботи роҳсозӣ дар саривақт ва сифатнок ба сомон расидани корҳо замина гузоштааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ то ба имрӯз дар ин иншоот барои тахту ҳамворкунӣ, хобонидани сангу шағал, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозиро сафарбар намудаанд. Ҳаҷми умумии асфалти истифодашуда дар роҳи мазкур ба 1900 тонна баробар гардидааст. 

Роҳи навтаъмиршуда маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ ин роҳ қабланд хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ аҳолӣ, хоса ронандаҳо дар вақти рафту омад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд. Ҳамакнун бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳоҳи ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев изҳори миннатдорӣ баён доштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳи автомобилгарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст. Таъмири ин роҳи автомобилгард идомаи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, он дар дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун ва боз ҳам хубтару беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор хоҳад гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520