Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Маҷмааи сайёҳии «Арху» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

02.08.2019 15:08, шаҳри Ваҳдат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо дорои меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 50 нафар мавҷуд мебошад, ки бо тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар бошад барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби КВД Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  таҳия шуда, дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд, ки дар доираи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст, кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хоса фарқ мекунанд.

Аснои шиносоӣ бо шароити ин меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Тибқи маълумот рафти сохтмони меҳмонхона таҳти назорати ҷиддии мутахассисони баландихтисос қарор дошт ва дар бунёди он маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст, ки барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамояд.

Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ноёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ аз қабили асбобҳои рузгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтааст. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона оро ёфта меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд аз урфу оддат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардида буд ва дар давоми беш аз 1 сол аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.

Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, ва ду толори сақобозӣ, ду ҳавзи шоноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сохтмони ин маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чуб моҳирона сохта шудаанду ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.

Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмааи наву замонавӣ масоҳати 10 гектар замин сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯшшудаи ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, мажавелник, кипарис, себу нок, оличаву зардолу ва ғайра мебошад, аз ҳазор зиёд аст.

Ифтитоҳи ин маҷмааи замонавӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии ин минтақаи зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шарту шароити маҷмааи навбунёд, ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки идомаи чунин тадбирҳои созанда дар ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520