Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

No player is configured to play a series of images. Check the SWF Tools file handling settings on the configuration page.

Ба истифода додани бинои хобгоҳ дар назди Мактаб интернати №1 -и ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 08:18, ноҳияи Балҷувон

Дар доираи сафар корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои хобгоҳи тозабунёд 4 ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб мебошад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои он дорои шароити заруриянд.

Хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии хобгоҳи тозабунёд бо самимияти беандоза ва руҳияи идона истиқбол гирифтанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави хобгоҳ дорои ҳуҷраҳои хоб, хуҷраи роҳбарият, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона,ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳуҷраи дарзмолкунӣ ва толори тамошои телевизор мебошад. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ду айвонча барои суҳбати толибилмон ба таври зебо бунёд карда шудааст, ки бошандагон метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар мактаби рақами 1 зиёда аз 390 нафар тарбиятгиранда бо шумули 3 нафар ятим, 31 нимятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида буд ва дар рафти бунёди ин иншооти соҳаи маориф 40 нафар кормандону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Масоҳати умумии иншоот 76 садяк заминро ташкил намуда, худи бино дар ҳудуди 753 метри мураббаъ бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони корозмуда дар муҳлати муайян қомат афрохт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагони ин боргоҳи илму маърифат онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омухтани илмҳои замони муосир, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда ба нафъи давлату миллат софдилонаю содикона хидмат кардан ҳидоят намуданд.

Тарбиятгирандагони интернати мазкур дар навбати худ ба Сарвари ғамхору дастгир ва пуштибони худ ҷиҳати фароҳам намудани ингуна шароити арзандаи таълиму тарбия изҳори сипосу миннатдории бепоён намуданд.

Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони бо амри тақдир бесаробонмонда ва дигар чунин нафарон аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиклолияти давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳаминаст, ки пайваста нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Кабудизор намудани масоҳати беш аз 1800 метри мураббаъ ва шинонидани гулу дарахтони хархелаи сояафкану ороишӣ аз ҷумлаи дигари корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофии иншоот анҷом пазируфтааст.

Ҳамзамон ба хотири шабона равшан намудани саҳни ҳавлии хобгоҳи мактабинтернат 10 адад чароғак насб шуда, дар ҳаҷми 380 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудааст.

Як бартарияти дигари хобгоҳ дар он аст, ки ҳама ҳучрахояш ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайвастанд ва ин омил ҷиҳати гарм будани ҳуҷраҳо дар фасли сармо мусоидат менамояд.

Бунёди ин хобгоҳи ба таври муосир сохташуда, нишон аз таваҷҷуҳи беандоза ва ғамхории Сарвари давлат нисбат ба ятимону эҳтиёҷмандон аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520