Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:07, ноҳияи Балҷувон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки Балҷувон ҳамчун ноҳияи навтаъсис бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпешаи ин диёр дар кутоҳтарин фурсат ободу зебо гардида, барои зиндагии шоистаи сокинони он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, рушди саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ вазифадор карда шуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳия имконияту захираҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа мавҷуд аст ва бояд ин имконияту захираҳо дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия самаранок истифода бурда шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки танҳо дар зарфи 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба ноҳия беш аз 280 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва минбаъд низ Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои беҳсозии рӯзгори сокинони ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Сокинони ноҳия дар мулоқот бо Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри аҷдодии худ минбаъд низ сайъу талоши зиёд менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520