Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:15, ноҳияи Балҷувон

Сипас дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ташкил карда шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон” соли 2017 оғоз намудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.

Дар ин маркази хизматрасонии муосир зиёда аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар яке аз маконҳои зебоманзари маркази деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст ва он хеле назаррабо ба чашм мерасад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зиннат медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

Деҳоти Сари Хосор дорои табиати зебо ва мавзеҳои зиёди сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он теъдоди зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан мекунанд. Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 адад меҳмонхонаи замонавии дигар низ ба нақша гирифта шудааст. Мавзеи Сари Хосор барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ аз ҷумла сайёҳати экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад. Деҳоти Сари Хосор бо имкониятҳои зикршуда дар кишвар яке аз минтақаҳои зебои сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза, иқлими мусоид ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ мебошад. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми деҳоти Сари Хосор дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520