Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 16:04, ноҳияи Балҷувон

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароит ва имконоти муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон аз наздик суҳбату мулоқот карданд.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили Бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд ва дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти онҳо ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуду толибилмон соҳиби муассисаи наву замонавии таълимӣ гаштанд.

Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хонандагон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки шароити фароҳамовардашударо самаранок истифода хоҳанд бурд.

Сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 соли 2018 оғоз ёфта буд ва дар ин давра бо назарадошти талаботҳои ҷорӣ 40 нафар сохтмончӣ иншооти мазкурро бунёд намуданд. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмониро  ҶДММ “Файзи Истиқлол” ба анҷом расонид.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Ҳамчунин ба хотири дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиш синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз буда, як синфхонаи дигар бо 10 адад компютер таъмин гардидааст. Дар маҷмӯъ муассисаи нави таълимӣ дорои 12 синфхона буда, ҳамчунин барои роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд ёфтааст. Роҳрав ва синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ба хати алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, буғхонаи бунёдгардида дар таълимгоҳ ба воситаи ангишт фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар гирду атрофи таълимгоҳ сомон ёфта, барои обу тоби ҷисмонии хонандагон  як майдончаи хурди варзишӣ низ дар назди муассиса бунёд ёфтааст.

Роҳбари давлат аснои шиносоӣ хонандагонро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Қайд гардид, ки то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар ҳудуди деҳоти Сари Хосор низ сохтмони боз чандин иншооти дигари таъиноташ гуногун дар назар дошта шудааст, ки  ба ин васила марҳила ба марҳила мушкилоти аҳолӣ дар тамоми бахшҳо ҳалли худро ба пуррагӣ  пайдо хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520