Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиротҳои кадрӣ

25.03.2010 10:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи баланд таъин шуданд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Субҳониддин Ашўров иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Ҳамчунин Нуъмон Обидов иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом ва Зулфия Узоқова иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Спитамен таъин карда шуданд.

Барои аз вазифаи Муовини раиси вилояти Суғд озод намудан ва ба вазифаи Муовини аввали раиси ҳамин вилоят таъин кардани Ваҳоб Набиев розигӣ дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои ба вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин шудани Исрор Исроров ва Арамбегим Маҳтобшоева ва ба вазифаи муовинони раиси вилояти Суғд таъин карда шудани Мубинҷон қаюмов, Аҳмадҷон Қобилов, Суюнхон Рустамов ва Ғафур Ҳакимов розигӣ дод.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонҷон Эшонқулов ба вазифаи Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Анвар Наҷмиддинов Муовини раиси ҳамин Кумитаи давлатӣ таъин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба иҷрои ҳатмии қонунҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати мамлакат, мубориза бо ришваситонӣ ва фасод, кўмак ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ба анъанаи ҳамасолаи наврўзӣ табдил додани хатнасурҳои хайрия ва тўйҳои арўсии ҷавонони ятиму бепарастор ва ё камбизоат ҳидоят намуд. ҳамчунин таъкид гардид, ки мардум бояд бо харҷу сарфи кам гузарондани маъракаҳо ва расму ойини гуногун ба таври доимӣ одат кунанд ва сарфакорона истифода бурдани нерўи барқро низ ба кори ҳаррўзаи худ табдил диҳанд. Дастур дода шуд, ки гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Онҳо вазифадор шуданд, ки бо дасту дил ва нияти пок фаъолият намуда, ҳамчунин нисбати зердастони худ дар иҷрои вазифаҳояшон сахтгиру серталаб бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520