Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар оғози корҳои барқарорсозии боғу токзор ва ибтидои сохтмони нақби мошингарди Чормағзак

15.03.2010 13:00, шаҳри Ваҳдат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар оғози корҳои барқарорсозии боғу токзор ва ибтидои сохтмони нақби мошингарди Чормағзак ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Дар минтақаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст якчанд навниҳол аз ангўр ва дигар дарахтон шинонда, ба барқарорсозии боғу токзори 738 – гектраи «Ёқут-боғбунёд» оғози расмӣ бахшид.

Зимни сўҳбат иттилоъ дода шуд, ки боғу токзори ин минтақа бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ширкати Ёқут-2000 бояд дар мўҳлати 2 соли оянда пурра барқарор карда шавад.

Дар ҳамин мавсими ниҳолшинонӣ дар майдони 32 гектар токзор ва 20 гектар боғ бунёд мешавад, то охири сол бошад 120 гектар боғу токзор барқарор шуда, 10 гектар боғи нав бунёд меёбад.

Аз тирамоҳи соли равон сар карда, дар майдони 283 гектари дигари барои ин боғ ҷудошуда, ки айни ҳол гандуми тирамоҳӣ кишт шудааст, боғу токзор бунёд мегардад. Ба гуфти мутахассисон имкон ҳаст, ки дар майдони 1300 гектари ҳамин минтақа боғу токзори хуб бунёд карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати Ёқут-2000 ва масъулину мутахассисони дахлдор дастур дод, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво асосан навъҳои содиротии ангўр, себ, нок, олу ва дигар меваҳои хушлаззат парвариш карда шаванд. Ҳамчунин дастур дод шуд, ки барои деҳқонону боғпарварон тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм, маоши хуб, бошишгоҳи саҳроӣ муҳайё карда шавад. Масъулин вазифадор шуданд, ки ҳамчунин дар 20 гектар полезиҳо кишт кунанд.

Мардуми деҳоти атрофи ин минтақа, хусусан занону духтарон аз ин иқдом хеле шод гаштаанд, зеро дар ин боғу токзор барои зиёда аз 500 нафар ҷойи кор муҳайё шуда, дубора сарсабзу хуррам гаштани боғу токзор ба ободии бештари тамоми ин минтақа мусоидати фаъол мекунад.

Ободонии ин минтақа ҳамчунин боиси хушнудии устодону донишҷўёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гашт, зеро ба онҳо низ ин боғу токзор чун хоҷагии таълимӣ-истеҳсолӣ барои озмоишу таҷрибаомўзӣ хизмат хоҳад кард.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи даромадгоҳи шимолии нақби мошингарди Чормағзак ташриф оварда, бо буридани лентаи рамзӣ ба сохтмони ин иншооти муҳими коммуникатсияи нақлиётӣ оғози расмӣ бахшид.

Зимни сўҳбат бо масъулину мутахассисон маълум шуд, ки дарозии нақби мошингард 4 ҳазору 450 метр мебошад ва он бояд дар мўҳлати 36 моҳ ё худ 3 сол аз ҷониби ширкати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо сохта ба истифода дода шавад. Зикр гардид, ки нақби Чормағзак қисмате аз лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара аст, ки аз гардиши фурўдгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то маркази ноҳияи Данғара тўл мекашад. ҳамчунин таъкид карда шуд, ки роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара идомаи роҳи мошингарди Душанбе - Чанок ё худ қисмате аз роҳи байналмилалии Чанок-Хуҷанд-Душанбе-Данғара-Кўлоб-қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма – Қароқурум буда, пурра ба фаъолият шурўъ намудани он боиси барқароршавии яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Абрешим хоҳад шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳсозон ва мардуми зиёди ба ин муносибат ҷамъомада суханронӣ намуда, ҳамагонро бо арафаи Наврўзи хуҷастапай, ки имсол бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт ва бо оғози сохтмони нақби мошингарди Чормағзак ва ҳам барқарорсозии боғоти машҳури ин минтақа табрику таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара бо фарогирии сохтмони нақби Чормағзак бо харҷи 630 миллион сомонӣ навсозӣ мешавад. Танҳо дар сохтмони нақби Чормағзак наздики 400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, ки беш аз 80% он шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Сипас Муовини директори генералии ширкати давлатии ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони роҳу пулҳо Лю Хун суханронӣ намуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кулли ҳозиринро бовар кунонд, ки нақби Чормағзак ва ҳам роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара дар мўҳлатҳои муайяншуда ва босифати баланд сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520