Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ

20.08.2019 14:01, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шудааст.   

Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Бино хуштарҳу замонавӣ сохта шудааст.

Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат аст. Дар ин ҷо дар баробари табибони таҷрибадор мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои масъулияти касбиашон комёбиҳо таманно намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520