Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони нақби «Чормағзак»

15.03.2010 13:00, шаҳри Ваҳдат

Ҳамватанони азиз!
Нақбканону роҳсозони мўҳтарам!

Дар остонаи Соли нави аҷдодиамон - Наврўз оғоз гардидани сохтмони боз як иншооти муҳиму стратегӣ нақби Чормағзак рамзи бағоят нек ва идомаи мантиқии сиёсати созандагии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

ҳамаи шуморо, пеш аз ҳама ба ифтихори фарорасии иди бузурги миллиамон – Наврўзи Аҷам, ки чанд рўз пеш бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии чандин кишварҳои ҷаҳон аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид ва ба муносибати оғози бунёди нақби мазкур, ки дар ояндаи наздик дар кўтоҳ гардидани масофаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Кўлоб – Хоруғ-Кулма ва таъмини амнияти ҳаракати нақлиёт нақши муассир хоҳад дошт, самимона табрик мегўям.

Дар шароити кунунии кишвари мо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, ки нақши шоҳрагҳои асосии мамлакатро мебозанд, дар раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ аҳамияти муҳим доранд. Аз ин рў, мо доир ба рушди инфраструктураи нақлиёт, бахусус сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳо андешида, дар доираи онҳо солҳои охир як қатор иншоотро сохтем ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додем.

Бояд гуфт, ки нақби Чормағзак барои кишвари соҳибистиқлоли мо дар радифи нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ» ва «Шаҳристон» аҳамияти бузурги стратегӣ дорад ва ба эҳёи яке аз шохаҳои асосии Шоҳроҳи бузурги абрешим мусоидат менамояд. Илова бар ин, дар ҷараёни бунёди он роҳҳои мавҷуда ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд, ки ин боиси ҳамлу нақли осон ва бехатари мусофирон ва молу маҳсулот, хеле кўтоҳ шудани фосилаи роҳ, сарфаи вақт, сўзишворӣ ва муҳимтар аз ҳама, рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол хоҳад гардид.

Лоиҳаи сохтмони нақби Чормағзак, ки маблағи умумии он қариб 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ду марҳала татбиқ мешавад. Мутобиқи лоиҳа дарозии нақб 4 ҳазору 450 метр буда, сохтмони он дар давоми се сол ба анҷом мерасад.

Нақби Чормағзак дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат - Данғара сохта мешавад, ки баъди ба истифода супоридани он масофаи шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат - Кўлоб нисбат ба роҳи Душанбе – қўрғонтеппа - Кўлоб дар маҷмўъ қариб 100 километр кўтоҳ мегардад.

Барои азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Данғара – Ваҳдат ва сохтмони нақби Чормағзак дар маҷмўъ 630 миллион сомонӣ (143 миллион доллар) сарф карда мешавад.

Бунёди нақбро Ширкати роҳу пулсозии ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар Тоҷикистон собиқа ва таҷрибаи зиёди роҳсозиву нақбканӣ дорад, бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ таъмин менамояд.

ҳоло дар кишварамон доир ба сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар иншооти коммуникатсионӣ 13 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо қариб 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва як қисми онҳо бо сармоягузорӣ, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешаванд.

Бо иштироки фаъолонаи сармоягузорону мутахассисони ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ танҳо соли гузашта дар кишвари мо ду иншооти бузург, аз ҷумла хатти интиқоли барқи баландшиддати «ҷануб-Шимол» ва нақби «Озодӣ» сохта, ба истифода дода шуданд, ки натиҷаи возеҳи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва кишвари ба мо дўсту ҳамсоя - ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад ва ин ҳамкорӣ минбаъд низ идома ва тақвият меёбад.

Баробари бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард дар кишварамон на танҳо сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ беҳтар мегардад, балки Тоҷикистон ҳамчун қаламрави транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи шоиста пайдо хоҳад намуд.

Илова бар ин, корҳое, ки мо оғоз кардаем, аз ҷумла сохтмони роҳу нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ ба манфиати халқу Ватани азизамон, наслҳои имрўзу оянда, инчунин барои раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нигаронида шудаанд.

Ба хотири татбиқи чунин ҳадафҳои бузурги давлати соҳибистиқлоламон, ки дар ояндаи наздик барои рушди бесобиқа ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон заминаи боэътимод фароҳам меоранд, аз ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст тақозо мегардад, ки ба раванди созандагиву бунёдкории Ватан ва сохтмони иншооти стратегии кишвар фаъолона шарик шуда, бо кору фаъолияти софдилонаву содиқона ва дастгирии моддиву маънавии худ дар ин кори хайр саҳми арзандаи худро гузорад.

Хотирнишон месозам, ки ягон кишвари пешрафтаву тараққикардаи муосир бе таъмин кардани рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ ва пеш аз ҳама роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ба сатҳи имрўзаи тараққиёти худ нарасидааст.

Аз ин лиҳоз, агар мо хоҳем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро дар қатори давлатҳои мутараққии олам бинем, бояд ҳама аҳлона ва дастаҷамъона саъю талош намоем, ки нақшаҳои пешгирифтаамонро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар самти бунёди иншооти коммуникатсионӣ бо сифати баланд ва дар мўҳлатҳои муқарраршуда амалӣ созем.

ҳамчунин мехоҳам илова намоям, ки ба хотири идомаи нек бахшидан ба суннатҳои бостонии миллиамон имрўз дар мавзеи Чормағзаки ноҳияи Ваҳдат мо дар майдони 32 гектар ба бунёди токзори нав оғоз кардем. Токзори нав бо ҳиммат ва сармоягузории кооперативи истеҳсолии «Ёқут» ташкил гардид ва мутобиқи нақша худи ҳамин сол 120 гектар боғу токзори мавҷуда таъмиру барқарор гардида, боз 10 гектари дигар боғи нави дарахтони мевадиҳанда бунёд карда мешавад.

Умуман, мо ният дорем, ки ҳамаи боғу токзорҳои дар мавзеи Чормағзак мавҷударо дар давоми ду сол пурра таъмиру барқарор намоем ва бо парвариши дарахту токҳои серҳосил ба афзун гардонидани маҳсулоти содиротӣ ноил шавем.

Бо истифода аз ҳузури роҳбарону мутахассисон ва намояндагони мардуми заҳматдўсти ноҳияи Ваҳдат таъкид месозам, ки ҳамаи ин иқдомот ба хотири фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони ноҳия, боз ҳам фаровон намудани дастархони мардум ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар муроҷиат менамоям, ки ҳар рўзи баҳориро ғанимат дониста, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда киштукор, ниҳолшинонӣ ва тоза кардани ҷўю заҳбурҳоро вусъат диҳанд, аз ҳоло барои истифодаи оқилонаву самараноки ҳар ваҷаб замин, кишти такрорӣ, рўёнидани ҳосили ҳарчи бештар, захираи дусолаи маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар таъмин кардани хонаводаи худ кўшиш намоянд.

Инчунин дар арафаи Соли нави аҷдодӣ ва 65-солагии ғалаба дар ҷанги Дуюми ҷаҳон тозаву озода кардани манзили зист, кўчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо, расонидани кўмак ба ятимону маъюбон, мўҳтоҷону бепарасторон ва собиқадорони ҷангу меҳнат, яъне идома додани суннати неки гузашагонамон айни савоб мебошад.

Чунон ки ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам, дар хотир доред, дар арафаи Наврўзи соли гузашта мо ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон - қўрғонтеппа оғоз карда будем. Ин роҳ илова ба он, ки пойтахти мамлакатро бо яке аз вилоятҳои калонтарин – Хатлон мепайвандад, бешубҳа, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки имсолу соли оянда ҳар кори созандагиву ободонии хурду бузурги кишвар ва ҳар фарди бонангу номус бояд ба номи истиқлол ва ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сурат гирад.

Дар ин раванд мо ҳамчунин бояд яке аз дастовардҳои нодири истиқлол – ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз рукнҳои муқаддаси давлатдорӣ эҳтиёт кунем ва онро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Зеро ҳар иқдоме, ки мо имрўз оғоз мекунем, танҳо ба шарофати ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва заҳмати содиқонаи аҳли Ватан натиҷаҳои нек мебахшад.

Хусусан соли нави аҷдодӣ – Наврўзи Аҷамро мувофиқи таомули ниёгони бузургамон бояд ҳама бо нияти нек, дили покиза аз кинаву кудурат ва бо ҳадафу нақшаҳои созанда пешвоз гирем.

Бо ҳамин умедҳои нек бори дигар ба ҳар кадоми шумо Наврўзи Аҷамро, ки баъди чанд рўз фаро мерасад ва шурўъ гардидани сохтмони нақби Чормағзакро табрик гуфта, бароятон тани сиҳату рўзгори босаодат орзу менамоям.

Ба ҳамаи лоиҳакашон, кормандони муҳандисиву техникӣ, сохтмончиён ва тамоми онҳое, ки ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷумҳурии Мардумии Чин ба сохтмони нақби Чормағзак ҷалб гардидаанд, барои бо сифати баланд ва дар мўҳлати муқарраршуда сохта, ба истифода додани он барору комёбӣ, пирўзиву сарбаландӣ ва саодатмандӣ мехоҳам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520