Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 08:32, ноҳияи Деваштич

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 300 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. 

Иншооти мазкур аз ду ошёна, 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқҳои роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад. 

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. 

Дар рафти корҳои сохтмонии он беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуда буданд.

Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар кӯдастони “Дӯстӣ” ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 10 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон муҷҷаҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. 

Ҳудуди ин муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ карда шуда, пурра чароғон мебошад. 

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст буда, бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.

Маҳз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта ба истифода дода мешавад. 

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520