Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:26, ноҳияи Деваштич

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 - ро баъди азнавсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Сарвари давлат ба пояи нимпайкараи фарзанди шуҷои диёр, ҷонфидои роҳи озодӣ Урунбек Ёқубов гулчанбар гузоштанд.

Бинои мактаб соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд.

Бо мақсади ба шароити имрӯза ҷавобгӯ намудан биною иншооти муассиса пурра навсозӣ карда шуд.

Бинои таълимии 2 ошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинетҳои фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу сифати корҳои сохтмону навсозӣ, шароитҳои фароҳамоварда барои кори муаллимону таҳсили хонандагон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки дар чунин шароити арзанда бояд сатҳи илму донишандӯзӣ ва маърифати фарзандон баланд бардошта шавад.

Дар мактаб се кабинети фаннии нав - кабинетҳои химияву физика ва технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо дастгоҳу лавозимоти замонавии хониш таъмин карда шудааст.

Синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва маҷмӯӣ компютерҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар ҳудуди мактаб майдони варзишгоҳ ва таълимгоҳи дарси омодагии дифои ҳарбӣ азнавсозию муҷаҳҳаз гардида, барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифоӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаи таълимӣ ва сӯҳбатҳо бо муаллимону хонандагон ва падару модарон таъкид доштанд, ки бунёду навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дар даврони соҳибистиқлолист, зеро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони донишманд ниҳоят муҳим буда, ҳукумати мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф афзалият ва диққати махсус медиҳад.

Ба аҳли деҳаи Яхтан-падару модарон, муаллимону хонандагон, бинои замонавии мактаб, тӯҳфаи арзанда ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил гардид, ки бо супориши Пешвои миллат пурра навсозӣ, муҷаҳҳаз ва ба талаботи имрӯзаи таҳсил мутобиқ карда шудааст.

Намояндагони аҳли ҷомеаи деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати маорифпарварона ва ғамхорӣ ба фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.

Кормандони соҳаи маориф дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ба таҳсил, таълиму тарбияи фарзандон бо истифода аз чунин шароитҳо ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  ҳамаи нерӯ, дониш ва маҳорати худро равона месозанд, то насли наврасу ҷавон бо донишу маърифат ва рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520