Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

23.08.2019 09:19, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш”-ро ифтитоҳ карданд. 

Бинои навбунёди 2-ошёнаи кӯдакистон аз маҷмуи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуд аст. Толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ бошад, дар таҳхонаи бино ҷойгир шудааст. 

Кӯдакистон имкон дорад, ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд дар амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат менамояд.

Муассисаи томактабии “Файзбахш” дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи бонуи соҳибкори ноҳия Отиной Бутаева бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта шудааст. 

Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Масоҳати умумии кӯдакистон 25 садякро ташкил намуда, худи бино дар масоҳати зиёда аз 1609 метри мураббаъ сохта шудааст.

4 айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча ба таври зебову назаррабо сохта шудааст, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 адад расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар Кӯдакистони хусусии “Файзбахш” ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520