Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд"

23.08.2019 12:25, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд" - ро ифтитоҳ намуданд.

Ин корхонаи азими саноатӣ дар маҳаллаи "Ваҳдат" - и шаҳри Хуҷанд, дар майдони 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ ва бекорхобида бунёд гардида, самти фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронида шудааст.

Барои истеҳсоли масолеҳ дар ин корхона дар қитъаи "Хорокон" - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи "Ровакон" - и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ карда шуда, дастрас карда мешавад. Захираи ашёи хом дар ин конҳо барои беш аз 50 сол кофӣ мебошад.

Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхонаи мазкур дар як моҳ аз 60 то 120 метри мукаабро ташкил медиҳад. Бо истифода аз ин дар корхона тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, инчунин монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯи маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол карда мешавад.

Барои истихроҷ ва коркарди санги хоро дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст ва раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ, бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Санги мармар бошад, дар ҶДММ "Хорои Хуҷанд" мутобиқ ба фармоиши мизоҷон аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ватанӣ дастрас карда шуда, коркард мегардад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд" 58 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардидааст. Масъулон нақша доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар ҳамин замина боз 30 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд.

Ифтитоҳи ин корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузорад.

Баъди шинос шудан бо истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи истеҳсолии ҶДММ "Хорои Хуҷанд"-ро тамошо намуданд. Дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулот ва масолеҳи дар ин корхона истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шуд.

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, имконияти фаррохи истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла санг мавҷуд аст ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад. Бо назардошти ин ва ҳамзамон зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҶДММ "Хорои Хуҷанд" ҷиҳати боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти аз санг омодашуда, дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520