Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе»

30.08.2019 10:33, шаҳри Душанбе

Дар идомаи тадбирҳои босуръати ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо шароити мусоиди таълимӣ аз ҷумла озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизоти тиббӣ дар давоми чор сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми худи таълимгоҳ сохта шудааст.

 Бинои нави «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» аз 7 ошёна иборат буда, дорои 75 синфхонаи таълимӣ, 19 утоқи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо фарогирии 13 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, таълимӣ - методӣ ва сиёсӣ, 4 синфхонаи лексионӣ барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Айни замон дар ин коллеҷ аз рӯи 7 ихтисос - кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобати дандон ва дандонсозӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология ва кори момодоягӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Бо назардошти зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон ва фароҳам будани шароити мусоид шуъбаи шабона низ таъсис дода шудааст.

 Дар ин шуъба аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ ва кори дандонсозӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Барои ин дар коллеҷ ташхисгоҳи химия, физика, кори ҳамширагӣ, фармакогнозия ва технологияи дорусозӣ таъсис дода шудаст.

Иттитоъ дода шуд, ки қаблан шумораи кормандони ин колеҷи хусусӣ 90 нафарро ташкил медод.

Ҳамакнун бо фароҳам гардидани шароити муосиди таълим шумораи кормандон ба 200 нафар расидааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» роҳбарияти он ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар марҳилаҳои оянда нақша доранд дар шафати ин бинои таълимӣ боз як бинои 6 ошёна сохта ба истифода диҳанд.

Тибқи лоиҳа дар 3 ошёнаи бинои нав беморхонаи нигоҳубини ҳамширагӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» соли 2015 таъсис дода шуда, то имрӯз дар бинои иҷора амал мекард.

Соли таҳсили 2017-2018 коллеҷи мазкурро аввалин маротиба 197 нафар ва соли таҳсили 2018-2019 317 нафар хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гаштаанд.

Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Душанбе» 912 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳамасола шумораи довталабони таҳсил аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат дар ин муассисаи таълимӣ афзоиш меёбад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои илмомӯзӣ кӯшиш намоянд ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъулияти баланд дошта бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520