Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

31.08.2019 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон - ҷашни 65-солагии зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ сиҳатмандии бардавому дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин бар нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои пайваставу бунёдкоронаи Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густариши ҳамаи ҷанбаҳои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни ду кишвар дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ,  аз ҷумла тавассути татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии начандон деринаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус бадастомада, иброз доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520